Оппозитсия ва ҷойгоҳи он дар Тоҷикистон

Оппозитсия ва ё нерӯи мухолиф он идда аз афрод ва ё гурӯҳи иҷтимоӣ дониста мешавад, ки аз сиёсатҳои ҷории кишвар норозист ва ҳадафи тағйир ва таҳаввули авзоъро дунбол мекунад.

Аз ин рӯ бадеҳист, ки бархӯрд ва муносибат бо як чунин гурӯҳ дар давлатҳои олам яксону якнавъ буда наметавонад. Дар бархе аз кишварҳои олам, ба вижа мамолики ғарбӣ, ки низоми собиту устувори демократӣ доранд бар ҳузури оппозисиюн ҳамчун як нерӯи рақиб ва як мунтақиди муҳим ва муфид давлат эҳтиром қоил мешавад. Дар ин гуна кишварҳо ҳузури оппозитсия ва ё гурӯҳи мухолифи давлат дар ҷомеъа як амри воқеӣ ва табиъӣ дониста мешавад. Афзун бар ин дар чунин ҷомеаҳо оппозитсия метавонад ба сари қудрат ояд, ҳокимиятро иваз ва давлатро идора кунад. Ва дар навбати худ нерӯе, ки аз қудрат канор рафт, дар мухолифат, яъне оппозитсия, қарор мегирад

Барои мисол, оппозитсияи сиёсӣ дар Амрико аз оғози талошҳои сохтмони ин давлат рӯи саҳнаи сиёсӣ ҳузур пайдо кард. Имрӯз Амрико дар ростои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ қарор дорад ва миёни ҳизби демократ, ки дар мухолифат бо ҳукумати имрӯза, яъне ҳизби ҷумҳурихоҳ, қарор дорад, рақобат барои курсии раёсати ҷумҳурӣ идома дорад. Тайи замони рақобатҳо миёни ин ду ҳизб 88 сол зимоми умури давлат дар дасти ҳизби ҷумҳурихоҳон ва 60 сол дар дасти демократҳо қарор доштааст. Ҳамин гуна назорати порлумон низ гоҳе дар дасти демократҳо ва гоҳе дар дасти ҷумҳурихоҳон қарор доштааст. Яъне дар ҳоли дар сари қудрат будани яке дигаре дар муқобили он қарор гирифтааст. Аз сӯи дигар имконияти бохтани ҳокимият ё назорати порлумон ҳизби ҳокимро маҷбур мекунад ба кӯчактарин изҳороти ҳизби мухолиф посух диҳад ва назари онро дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ арзёбӣ кунад

Дар ҳоле, ки ҳардуи ин ҳизб матбуоти ҳизбии худро доранд, аммо дар шабакаҳои телевизионии қавӣ, рӯзнома ва маҷаллаҳои машҳур, радиоҳои миллӣ ва маҳаллӣ ва ахиран сомонаҳои интернетию блогҳои шахсӣ ба таври суннатӣ барномаҳои ин ё он ҳизб инъикос ва ҳатто ҳимоят мешаванд.

Аммо тарзи муносибат ва бархӯрд бо оппозисия ва нерӯҳои мухолиф дар ҷомеъаҳои, ба истилоҳ, пӯшида ва худкома баракси ин ҳол аст. Дар ин кишварҳо ва махсусан кишварҳои ҷаҳони саввум, ки ақибмонда астанд, нерӯҳои мухолиф ва ё оппозитсия наметавонанд ҷойгоҳи муносиб дошта бошанд. Ба истиснои Гурҷистону Украина дар бақия кишваҳои имрӯзаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба оппозитсия ҳамчун нерӯи таҳдидкунанда ба амнияту субот бархӯрд карда мешавад. Ҳамин аст, ки ҳукумат дар ин кишварҳо имконияти зуҳур ва тақвияти ҳама гуна рақобат ё мухолифатро дар баробари худ таҳаммул ва қабул надорад.

Назари ҷомеашиносон ва коршиносони тоҷик дар мавриди ҳузури оппозитсия ва ҷойгоҳи он дар ҷомеъаи кишвар мутафовит аст. Ва ин тафовут то ба ҳаддест, ки бархе аз коршиносон имрӯз ҳузури оппозитсия дар саҳнаи сиёсии кишварро аслан инкор мекунанд. Онҳо мегӯянд, нерӯҳои оппозитсиёнӣ ба маънои томи ин истилоҳ ҳоло вуҷуд надорад. Барои мисол Иброҳими Усмон, донишманди тоҷик, мегӯяд, ки бале, имрӯз аҳзоби сиёсӣ амал мекунанд, оинномаву барнома, раёсат ва баъзеашон нашрия низ доранд, вале аҳдофи сиёсии онҳо номаълум аст. Дар ҳоле, ки бояд аҳдофи ҳизбҳо ва махсусан аҳзоби оппозитсионӣ рӯшан ва мушаххас бошад:

«Дар назари ман чунин аст, ки аслан он нерӯҳое, ки ақидаашон ба ақидаҳои умумии ҳукумат мувофиқат намекунад, дар шароити ҳозира ба таври ошкор тақрибан амал намекунанд. Агар чунин нерӯҳо бошанд ҳам амали ошкори онҳо эҳсос намешавад. Нерӯҳои сиёсӣ, агар ҳадаф аз ин истилоҳ аҳзоби сиёсӣ бошад, аксарияти кулли ҳизбҳое, ки мо дар Тоҷикистон дорем, хусусияти ҳизби сиёсиро надоранд. Барнома доранд, ойиннома доранд, роҳбарият доранд ва ғайра. Вале ҳадафи сиёсӣ чӣ аст ва чи гуна аст, чизе нест. Масалан, ба ҷомеъаҳое, ки мо аз онҳо тақлид кардан мехоҳем, фарз кардем, ба Амрико мо тақлид кардан мехоҳем, муборизаи сиёсии ҳизбҳо, ҳизбҳое, ки маъмулан дар интихобот иштирок мекунанд, чунин аст, ки кӣ бештар зиндагии иҷтимоии мардумро таъмин карда метавонад, кӣ зиёдтар кишварро обрӯманд карда метавонад, кӣ зиёдтар мамлакатро ғанитару тавонотар карда метавонад, кӣ метавонад манфиати кишварро дар берун аз кишвар беҳтару хубтар ҳимоят кунад. Аммо ҳамин хел чизҳо дар барномаи аҳзоби мо дида намешавад, нест».

Раҷаби Мирзо

Аммо Раҷаби Мирзо, яке аз сиёсатмадорони ҷавони тоҷик, мӯътақид аст, ки дар Тоҷикистон оппозитсия вуҷуд дорад. Оқои Мирзо вуҷуди ин нерӯро дар симои ҳар як тоҷики мардикор ва муҳоҷире, ки ба хориҷа меравад, алоқаманд медонад ва мегӯяд, ки мусофирати чунин қисмати бузург ва қобили кор ба хориҷа барои дарёфти рӯзӣ худ нишонаи эътирозу норозигии шадид аз вазъи имрӯзи кишвар аст, ки мустақим ба фаъолияти ҳукумат иртибот мегирад. Вале, меафзояд оқои Мирзо, заъфе, ки имрӯз оппозитсияи тоҷик дорад, нишонаи заифии ҳукумат аст:

«Боварӣ дорам, ки имрӯз дар Тоҷикистон кам одамеро ёфтан мумкин аст, ки бо он чи ки дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон мегузарад, розӣ бошад. Бисёр каманд одамоне, ки аз чунин тарзи зиндагӣ қаноатманд бошанд. Ман фикр мекунам, ки оппозитсияи аслии ҳукумати Тоҷикистон имрӯз ҳамон муҳоҷирони кории тоҷик ҳастанд, ки берун аз кишвар фаъолият доранд. Ҳизбҳое ҳам ҳастанд, ки имрӯз назар ба он ки бештар аъзо дошта бошанд, кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд, ки ҷонибдорон пайдо кунанд. Яъне як навъ хислати фаъолиятҳои пасипардагиро анҷом медиҳанд ва ман боварӣ дорам, ки ин чиз самараи бештар ҳам оварда метавонад. Чун дар Тоҷикистон барои фаъолиятҳои сиёсӣ имконот хеле маҳдуд аст. Оппозитсияи қавӣ дар баробари ҳукумати қавӣ ба вуҷуд меояд. Ҳукумате, ки заиф аст, наметавонад, ки оппозитсияи қавӣ дошта бошад ба хусус дар шароити кишварҳое чун Тоҷикистон».

Ин ҳам дар ҳолест, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва АмниятиАбдулназар, муовини раиси ҲСДТ, ҳизбҳои худро оппозитсиюнӣ мешуморанд. Ба ақидаи оқои Кабирӣ, дар шароите, ки имрӯз дар Тоҷикистон ба унвони як кишвари ҷаҳони саввумӣ вуҷуд дорад, неруҳои сиёсии мухолиф то ҳадде пешрав мекунанд, ки ҳукумат иҷоза бидиҳад:

Муҳиддин Кабирӣ

«Маъмулан дар кишварҳои ҷаҳони саввум, ки ҷузъе аз минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷаҳони саввум аст, ҳар як оппозитсия агар мехоҳад, ки оппозитсияи созанда ва мӯътадил бошад, то ба ҳадде фаъолият мекунад, ки мақомоти давлатӣ ба он иҷозат медиҳад. Чун агар аз хостаҳои ҳукумат каме берун пой ниҳоданд ҳатман ба бадшавии муносибат бо ҳукумат ва мақомоти давлатӣ оварда мерасонад ва метавонад муносибатҳоро муташанниҷ гардонад ва ин равобитро аз доираи ҳамкорӣ ва гуфтушунидҳои мусолиҳатомез ба ҳолатҳои дигар мегардонад, мисли он ки вазъи сиёсиро ба ҳам мезанад. Фикр мекунам, ки дар инҷо нақши давлатҳо бояд бештар бошад ва ҳукумат ва мақомоти давлатӣ талош кунанд, ки фазо ва шароити муносиберо барои фаъолиятҳои оппозитсионӣ ба вуҷуд оваранд. Мутаассифона дар кишварҳои ҷаҳони саввум ва дар кишварҳое, ки ҳанӯз демократия рушд накардааст, маъмулан бо ҳамон нерӯҳои сиёсие гуфтушунид дар сатҳи баланд ва ҳамкории ҷиддӣ мекунанд, ки дорои нерӯи низомӣ ва қудрати низомӣ бошад».

Муҳиддин Кабирӣ мӯътақид аст, ки яке аз сабабҳои ҳузури муносиб пайдо накардани оппозитсиюн дар ҷомеъаи тоҷик набуди қонун дар бораи фаъолияти оппозисиюн аст.

Аммо Амнияти Абдулназар заъфи оппозисиюни имрӯзи тоҷикро эътироф ва онро пайомади ҷанги шаҳрвандӣ медонад. Оқои Абдулназар мегӯяд, ҳукумати феълӣ дар аксари маворид барои оппозитсиюн ва афроди дигарандеш ҳақ ва ҷойгоҳ қоил намешавад ва гузашта аз ин пайваста талош мекунад, ки доираи фаъолияти онро маҳдуд кунад ва таҳти ҳар гуна фишор қарор диҳад:

«Ман ҳамчун намояндаи ҳизби сосиал-демократ гуфта метавонам, ки ҲСДТ аз аҳзоби мухолифи ҳукумат аст - мухолифи созанда. Ҳизб қодир аст, ки аз манфиати аъзои хеш аз манфиати ҷомеъа ва аз манфиати қонун дифоъ кунад ва фикру мулоҳизоти худро ба ҳукумат пешниҳод мекунад. Дар Тоҷикистон мо имрӯз соҳибмансаб дар ҷои кори худ ҳам шоҳ асту ҳам додситон аст. Мардум аз соҳибмансаб метарсад, аммо аз қонун на. ҲСДТ доимо бо мардум аст ва то андозае тараддуд ҳам дорад, ки таваҷҷӯҳи мардумро нисбат ба худ зиёд кунад. Аммо ҳизб имрӯз имконоте надорад, ки як нашрия ба чоп расонад. Мунтаҳо мо метавонем нашрия чоп кунем, вале ҷойи чоп надорем. Зеро ҳеҷ чопхона ҳозир намешавад нашрияи моро ба табъ расонад».

Вале Мӯсо Асозода, раиси Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ки ҳизби ҳоким дар кишвар аст, интиқодоти мухолифини давлатро беасос меҳисобад. Оқои Асозода гуфт, ки дар шароити имрӯзаи Тоҷикисон ҳамаи имконот барои фаъолияти бемамониати аҳозоби сиёсии дигарандеш вуҷуд дорад ва давлат аз пешниҳод ва назарҳои мухолифин,ки бароирушди ҷомеъа мусоидат кунад истиқбол мекунад:

«Албатта ҳамкории ҲХДТ бо дигар аҳзоби сиёсии Тоҷикистон хуб ба роҳ монда шудааст. Ман дар мисоли шаҳри Душанбе гуфта метавонам, ки мо ҳамкориҳои зиёд дорем. Ман бовари комил дорам, ки ҳар як иқдоми неке, ки дар роҳи созандагӣ ва бунёдкории Тоҷикистон кӯмак мерасонад, сатҳи роҳбарии Тоҷикистон рағбати зиёд дорад, ки аҳзоби сиёсӣ дар ҳамкорӣ бо давлат ва ҳукумат бошанд. Лекин нигоҳи тарафи дигар ин тавр нест. То ҷое маълумот дорам, онҳо доимо шикоят мекунанд, ки ҳукумат ба фаъолияти ҳамаҷонибаи ин ҳизбҳо гӯё халал мерасонад ва имконият намедиҳад, ки ин ҳизбҳо пешравӣ дошта бошанд, тараққӣ кунанд ва ғайра ва ғайра. Аз нигоҳи ман ин фикрҳо асос надорад».

Аммо ба ақидаи Ашӯрбой Имомов, устоди улуми ҳуқуқ, ҳоло дар Тоҷикистон низоми бисёрҳизбӣ ташаккул наёфтааст ва дар ҳоле, ки як чунин раванд дар ҳоли такомул аст, қабули қонун дар бораи фаъолияти оппозитсиюн низ вазъро тағйир намедиҳад:

«Низоми бисёрҳизбӣ дар Тоҷикистон ба маънои комилаш ҳанӯз пурра ташаккул наёфтааст. Ҷараёни ташаккулёбӣ идома дорад. Бинобар ин бисёр масъалаҳое, ки ба низоми бисёрҳизбӣ алоқаманд аст, аз ҷумла муносибати ҳизби ҳоким ва ҳизбҳои дар оппозитсия буда ҳанӯз ба таври бояду шояд дар Тоҷикистон дар сатҳи қонунгузорӣ муайян нашудааст. Умуман муайян нашудааст. То низоми бисёрҳизбӣ муайян нагардад, ҳизбҳои сиёсӣ баробарвазн нагарданд, дар сатҳи муайян албатта, баробарии мутлақ не, балки баробари нисбӣ дар назар аст, қабули ин қонун ҳам ба ҳеҷ чиз ёрӣ расонида наметавонад».

Зимнан бархе аз коршиносони тоҷик бо таваҷҷӯҳ бар ин, ки дар ҷомеъаҳое назири Тоҷикистон, ки ҳанӯз низоми мардумсолорӣ ва аркони он ҷойгоҳи муносиб касб накардаааст, бар ин боваранд, ки алъон нақш ва мақоми шахсиятҳои алоҳида аз ҳар гуна нерӯҳои оппозитсионӣ дар ҷомеъа болотар ва барҷастатар ба мушоҳида мерасад. Зеро дар чунин ҷомеаҳо бештар ба пешво ва лидер такя ва эътимод доранд, то ин ки ба ҳизб ва созмони сиёсии ҳатто оппозисионӣ.