Рабуда шудани бародари вазири молияи Афғонистон

Тибқи хабарҳо бародари вазири молияи Афғонистон Анварулҳақ Аҳадӣ аз тарафи мусаллаҳон дар Покистон рабуда шудааст. Гуфта мешавад, ҳодиса рӯзи ҷумъа дар Пешовар ба вуқӯъ пайвастааст. Ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин одамрабоиро бар дӯш нагирифтааст.