Иттиҳодияи Аврупо бо Тоҷикистон гуфтугу мекунад

31-уми октябр дар шаҳри Душанбе дар чаҳорчубаи гуфтугуи Тоҷикистон бо Иттиҳодияи Аврупо роҷеъ ба ҳуқуқи башар нахустин мулоқот баргузор шуд. Ҳайати Иттиҳодияи Аврупоро дар ин гуфтугу Жак Пеле-раиси бахши ҳуқуқи башари вазорати хориҷаи Фаронса раҳбарӣ мекунад. Ҳайати Тоҷикистон ба сарпарастии Юсуф Салимов-мудири бахши замонати Қонуни Асосии дафтари раёсати ҷумҳурӣ дар гуфтугу ширкат дорад. Ҳадаф барқарории муколама миёни Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ роҷеъ ба ҳуқуқи башар аст.