Муқоисаи натиҷаҳои таҳқиқотҳои солҳои пеш ва кунунӣ ҳокӣ аз он аст, ки баъд аз тавсеъаи демократия, ки тӯли чанд даҳсола мушоҳида мешуд, ин раванд ҳоло мутаваққиф гаштааст. Гузориш 167 кишвари ҷаҳонро дар бар мегирад ва ин давлатҳо аз рӯи 60 нишондоди мухталиф, ки ба панҷ бахши аслӣ: тарзи баргузории интихобот ва гуногунназарӣ ё плюрализм, озодиҳои шаҳрвандӣ, фаъолияти ҳукумат, мушорикати сиёсӣ ва фарҳанги сиёсӣ тақсим мешаванд, раддабандӣ шудаанд.
Аз рӯи ин нишондодҳо кишварҳои ҷаҳон ба чор гурӯҳ тақсим шудаанд: кишварҳои комилан демократӣ, кишварҳои нисбатан демократӣ, низомҳои нимхудкома ва нимдемократӣ ва охиран режимҳои авторитарӣ ё худкома.
Ҳамин тавр, ба якум гурӯҳи кишварҳо муаллифони гузориш Шведсия, Норвегия, Исландия, Ҳолланд ва дигар кишварҳои асосан аврупоиро шомил кардаанд.
Ба гурӯҳи дуввум Руминия, Хорватия, Украина, Молдова, Черногория ва ба гурӯҳи севум Босния ва Ҳерсеговина, Гурҷистон, Русия, Покистон дохил мешаванд. Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Қирғизистон ба гурӯҳи севуми кишварҳо бо режимҳои нимхудкомаву нимдемократӣ шомил гаштааст.
Ва аммо дар гурӯҳи чоруми кишварҳое, ки тарзи ҳукуматдориашон худкомаву мутлақ арзёбӣ мешавад, боқии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ҷойгир шудаанд. Ҳамин тавр, Қазоқистон дар ин раддабандӣ дар мақоми 127-ум, Беларус 132-юм, Озарбойҷон – 135-ум, Афғонистон 138-ум, Эрон 145-ум, Тоҷикистон 150-ум, Узбакистон 164-ум ва Туркманистон дар мақоми 165-ум ҷойгир шудаанд.
Узбакистону Туркманистон аз нигоҳи сатҳи демократия миёни панҷ бадтарин кишвари ҷаҳон мебошанд ва вазъи демократӣ танҳо дар кишвари африқоии Чад ва Кореяи Шимолӣ бадтар будааст.
Дар робита ба Тоҷикистон. Ҳарчанд дар муқоиса бо соли 2006, ки таҳқиқоти ҳамсони Economist Intelligence Unit анҷом шуда буд, нишондодҳои ин кишвар тағйир наёфтаанд, вале дар раддабандӣ Тоҷикистон як зина поинтар рафтааст. Ду сол пеш Душанбе дар ин раддабандӣ дар мақоми 149 буд. Дар ҳар сурат ин бор Тоҷикистон дар ин сабқат аз ду кишвари минтақа –Туркманистон ва Узбакистон пештар, вале аз дуи дигар –Қирғизистону Қазоқистон қафотар қарор гирифтааст.
Муаллифони гузориш мегӯянд, хатар вуҷуд дорад, ки бӯҳрони саросарии молӣ, ки ба рукуди иқтисодӣ овардааст, дар баъзе манотиқи ҷаҳон имкон дорад ба коҳиши сатҳи демократия мунҷар шавад. Муаллифони гузориш мегӯянд, сабаби мутаваққиф шудани раванди тавсеъаи демократия аз он ҷумла дар он аст ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба нишонаҳои зери фишор қарор гирифтани демократия дар Ховари Миёна посухи муносиб надодааст. Илова бар ин, он интизориҳое, ки мардум ҳангоми анҷоми инқилобҳои ранга дар кишварҳои собиқ Шӯравӣ доштанд, ҷомаи амал напӯшид ва ҳамзамон лағжиши Русия ба самти режими автократӣ идома ёфт.
Ба ақидаи муаллифони гузориш, кунд шудани раванди тавсеъаи демократия ва афзоиши дилсардӣ сабабҳои гуногун доранд. Аз он ҷумла, режимҳои худкома роҳҳои ҳифзи худро омӯхтанд ва аксарияти чунин кишварҳо, бавижа дар Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ аз захоири нафту газ ва афзоиши қиммати манобеъи энержӣ истифода мебаранд.
Дар ҳоле ки нисфи кишварҳои ҷаҳонро мешавад демократӣ номид, муаллифон ба гурӯҳи кишварҳои пурра демократӣ ҳамагӣ 30 кишварро шомил карданд ва 50 кишвар ҳамчун нисбатан демократӣ арзёбӣ мешаванд. Аз 87 кишвари боқимонда 51-тоаш дорои режимҳои автократӣ ё худ мутлақ ва 36 кишвар ҳамчун кишварҳои ҳибрид, яъне нимдемокративу нимхудкома номида шудаанд. Миёни кишварҳои пурра демократӣ ҳамагӣ ду кишвари осиёӣ: Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ зикр шудаанд.