Афзоиши қиматҳо дар бозорҳои молии ҷаҳон, ки дирӯз оғоз ёфт, субҳи имрӯз дар бозорҳои алакай бозшудаи қораи Осиё идома пайдо кард. Никеӣ, шохиси умдаи бозори Ҷопон беш аз 7 дарсад боло рафта, афзоиши қимати шохисҳо ҳамин тавр дар Кореяи ҷанубиву Австралия низ мушоҳида мешавад. Дирӯз шохиси саноатии Дав Ҷонс, як нишондиҳандаи умдаи бозори молии Амрико, қариб 900 нуқта, ё худ ҳудуди 11 дарсад боло рафт. Ин дар ҳолест, ки интизор меравад, имрӯз Бонки марказии Амрико фоизи баргаҳои вомро пойин бубарад.