5 миллиард$ ёрии Қазоқистон ба 4 бонки бӯҳронзада

Сарвазири Қазоқистон Карим Масимов гуфт, давлати ӯ ба хотири фурӯ нишондани шиддати бӯҳрони молӣ 5 миллиард доллар ихтисос медиҳад, ки ҷиҳати харидории саҳмияҳои 4 бонки бузурги кишвар масраф хоҳанд шуд. Масимов гуфт, харидории ин саҳмияҳо амри муваққат буда, давлат аз харидани беш аз 50 фоизи ин саҳмияҳо ва касби назорат бар ин 4 бонк сарфи назар мекунад. Давлати Қазоқистон кӯмак ба бонкҳои “Алянс”, БТА, “Халқ” ва “Қазкомерсбонк”-ро дар назар гирифтааст. Коҳиш ёфтани вуруди сармояи хориҷӣ ба Қазоқистон бар асари бӯҳрони саросарии молӣ ин бузургтарин иқтисоди Осиёи Марказиро дар соли ҷорӣ ба бӯҳрони шадиди бонкӣ дучор кард.