Рӯзи сешанбе қиматҳо дар бозорҳои молии ҷаҳон дубора рӯ ба афзоиш овард. Шохиси саноатии Дав Ҷонс, як нишондиҳандаи умдаи бозори молии Амрико, алакай то зӯҳри сешанбе ба тақрибан 5 дарсад афзоиш даст ёфт. Дирӯз ҳамин тавр, бозорҳои молии Осиёву Аврупо низ шоҳиди болоравии нархҳо шуда, ин афзоиш дар бозори Лондон - 2 дарсад, дар Ҷопон – қариб шашуним ва дар Ҳонгконг 14 дарсадро ташкил додааст. Аммо арзиши нафт боз ҳам пойин рафта, нархи як бушкааш дар Лондон ба 60 доллару 29 сент ва дар Ню-Йорк ба 62 доллару 73 сент баробар шудааст.