Онҳо бори аввал на ба номзади ҳизби худ, балки ба номзади ҳизби мухолиф рай медиҳанд. Онҳо интихобкунандагони Ҳизби Ҷумҳурихоҳ мебошанд, ки мегуянд, ба ҷонибдорӣ аз борак Обама рай медиҳанд.
Карлос Компбелл, яке аз собиқадори Ҳизби Ҷумҳурихоҳи Амрико, мегӯяд, номзадҳои ин ҳизб дар интихоботи соли ҷорӣ зиёд эътибори қаввӣ надоранд. Карлос марди 71-сола аст ва борҳо мушовири номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ будааст. Вай ҳамчунин дар давлати Роналд Рейган дар мақоми муовини вазири тиҷорат низ кор кардааст. Вай мегуяд , дар солҳои 1960-ум, вақте, ки Ҷон Маккейн - номзади ҷумҳурихоҳон дар ҷанги Ветнам халабони ҳавопаймои низомӣ буд, вай низ дар имтидоди қаламрави Шуравӣ парвозҳои маҳрамонаи таҷассусӣ анҷом медод.
Вале Карлос Компбелл мегӯяд, ки ҳафтаи оянда барои Маккейн раъй нахоҳад дод. Чунин равиши ҷумҳурихоҳон аз изҳороти моҳи феврали соли ҷорӣ сарчашма мегирад, аз рӯзе, ки Сусан Эйзенҳауэр духтари Дуайт Эйзенҳауэр - раисиҷумҳури собиқи ҷумҳурихоҳон изҳор дошт, ки барои Обама раъй хоҳад дод. Ин изҳорот тадриҷан дар миёни шахсиятҳои муътабари ҷумҳурихоҳ қавитар шуд ва ҷумҳурихоҳони маъруф ба тарафи Борак Обама, номзади демократҳо, гузаштанд.
Колин Повел, вазири хориҷаи пешини давлати Ҷорҷ Буш, Кен Эделман - шахсияти калидӣ дар бахши дифоъи Амрико, ки бо руасои ҷумҳур Буш, Рейган, Форд ва Никсон кор кардааст. Карлос Комббелл мегӯяд, маъракаи интихоботии Маккейн чандон созмонёфта нест ва онҳо дунболи кадом як паёми аслӣ меграданд: "Маъракаи интихоботии сенатор Обама дар миёни ҷавонони ин миллати бузург мудаллал аст, зеро такопуҳои вай ҳамаи моро фаро мегирад. Маъракаи вай қобили қиёсу таҳлил, омодаи бозсозӣ, хушҳолкунандаву мусбат ва пурмаънист".
Габриелла Родз хонуми 24-солаи амрикоӣ мегӯяд, шавҳари вай дар Бағдод хидмат мекунад ва худи вай аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ аст. Вай мегӯяд, барояш муҳим нест, ки Ҷон Маккейн чӣ мегуяд. Аз рӯзе, ки аз фиристодани шавҳараш ба Ироқ дарак ёфтааст, тасмим гирифтааст, ки ба Обама раъй диҳад. Ба гуфтаи Габриэлла, Маккейн марди солхурда аст ва шахсеро, ки вай барои муъовинӣ баргузидааст, таҷрибаи раҳбарӣ надорад, дар ҳоле, ки шахсиятҳои соҳибтаҷриба хеле зиёданд.
Ҷон Лоренс, яке дигар аз райдиҳандагон аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ аст ва мегӯяд, дар 20 соли ахир бори нахуст майли раъйдиҳӣ дорад. Вай мегӯяд, агар хонум Ҳилларӣ Клинтон номзад пешбарӣ мешуд, вай на ба Маккейн ва на ба хонум Ҳилларӣ раъй медод, балки дар хона менишаст ва дар интихобот ширкат намекард. Вале ҳоло мехоҳад ба Обама раъй диҳад.
Ҷон Престони 30-солаи сокини Ню Йорк низ аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ аст, вале вай як сомонаи интернетӣ боз кардааст ва онро "Ҷумҳурихони ҷонибдори Обама" номгузорӣ кардааст. Ба гуфтаи вай, рӯзе 9 ҳазор нафар ин сафҳаро боз ва мутолиа мекунанд. Вай дар гузашта ду бор ба ҷонибдории Ҷорҷ Буш, номзади ҷумҳурихоҳон, раъй додааст. Вале ҳоло ошкорбаёнии Обама вайро мафтун кардааст. Престон мегӯяд, ҳоло Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ба мушкил рӯ ба рӯ шудааст. Ба гуфтаи вай, ҳоло шумораи ин ҳизб нисбат ба соли 2004, яъне нисбат 4 соли пеш 25 дарсад коҳиш ёфтааст.