Хабарҳои барканории сарвазири Гурҷистон

Тибқи хабарҳо раиси ҷумҳури Гурҷистон, Михеил Саакашвилӣ сарвазири кишвараш Ладо Гургенидзеро аз вазифа сабукдӯш кардааст. Хабаргузориҳои ғарбӣ мегӯянд, Саакашвилӣ тавсия додааст, ки сафири Гурҷистон дар Туркия, Гега Мгалоблишвилӣ сарвазири нави кишвар шавад.