Коллеҷи САҲА дар Душанбе боз мешавад

Бино ба хабарҳо, дар ояндаи наздик дар Душанбе коллеҷи САҲА барои таълими марзбонон гушоиш хоҳад ёфт. Дар ин бора имруз Ҳелберт Селбер- раҳбари намояндагии Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар Душанбе ба рузноманигорон хабар дод. Дар марҳалаи аввал дар ин коллеҷ марзбонон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ таълим хоҳанд гирифт.