Белорус барои рафъи буҳрон аз IMF қарз мегирад

Бонки Марказии Белорус таъйид кардааст, ки барои ҳифзи суботи молӣ ва рушди иқтисод аз Сандуқи Байналмиллалии Пул хостори қарз шудааст. Михаил Журавович-сухангуи бонк ошкор накардааст, ки Белорус аз Сандуқи Байналмилллаии Пул чӣ миқдор маблағ мехоҳад, вале гуфтааст, ин маблағ ба илтифоти Сандуқи Байналмиллалии Пул вобаста аст. Интерфакс-хабаргузории Руссия аз қавли Анатолий Дроздов-як мақоми бонк навиштааст, Белорус мехоҳад 2 милярд доллар қарз бигирад. Қаблан Алексей Кудрин-вазири молии Руссия гуфта буд, Руссия усулан омода аст 2 милярд доллар қарз дар ихтиёри Белорус бигзорад.