Русия - дар коми бӯҳрони шадиди молӣ

Бӯҳрони молӣ дар ҷаҳон, Русияро низ ба тадриҷ ба комаш мекашад.

Бо камтар шудани қарздиҳӣ, арзон шудани саҳҳом ва камтар шудани пули тоҷирони сарватманд ва худнамои Русия, ҳукумати кишвар барои кӯмак ба онҳо шитоб дорад. Аммо кӯмаки ҳукумат ба тоҷирон низ бе подош нест.

Танҳо як моҳ пештар ширкатҳои Русия дар саросари ҷаҳон моликият мехариданд ва сарватмандони рус бо харидани дастаҳои футболу майдонҳои асптозӣ худнамоӣ мекарданд. Ва раиси ҷумҳури Русия Дмитрий Медведев доир ба табдили Маскав ба як маркази молии ҷаҳонӣ сӯҳбат мекард. Аммо бӯҳрони молии ҷаҳонӣ худнамоиву худситоиро аз байн бурдааст ва олигархҳои вобаста ба ҳукумат ҳоло садҳо миллиард долларо аз даст медиҳанд ва ҳукумати Русия ҳам ҷидду ҷаҳд дорад, то ба қавле хунрезии ин сарватмандонро манъ кунад.

Маршал Голдман профессори ифтихории умури иқтисодии Русия дар Донишгоҳи Велеслии аёлати Массачусетси Амрико ва муаллифи китоби “ Кишвари нафтӣ, Путин, Қудрат ва Русияи нав” мегӯяд: «Онҳо ҳоло камтар таккабур мекунанд. Онҳо дарёфтанд, ки ҳар куҷое, ки набошанд, болову поён ё пасу пеш осебпазиранд. Онҳо манобеъи бисёр доштанд аммо ҳоло он манобеъ бояд дар ихтиёр бошад ва баъзе аз онҳо аз байн рафтанд».

Бӯҳрони молӣ дар ҳама ҷо як шохаи сиёсӣ дорад. Аммо дар кишваре ба мисли Русия, ки бозорҳои муҳим ва давлат ба ҳам часпидаанд, суқути иқтисодӣ бисёр нооромкунанда аст. Ҳоло дар Русия тарс аз афзоиши бекорӣ зиёд аст ва сарватмандон, ки фармондеҳи ширкатҳои бузург ҳастанд, дар андешаи ихтисори коргарон ва хароҷот ҳастанд. Аз сӯи дигар саъйи ҳукумат барои наҷоти муассисаҳои молӣ ва ихтисоси пул барои онҳо, сатҳи тавварумро болотар мебарад. Айни замон бӯҳрон сару садоро барангехтааст, ки ҳукумат бо истифода аз фурсат бахши аъзами иқтисодро таҳти назорати худ мегирад. Таҳлилгарон интизор доранд, ҳукумати Русия бо истифода аз фурсат, ба тоҷирони сарватманди бемайл ба ҳукумат ҷазо ва тоҷирони содиқ ба худро наҷот медиҳад.

Олга Криштановская аз Пажӯҳишгоҳи Ҷомеашиносии Фарҳангистони Улуми Русия мегӯяд: «Бале ман чунин фикр мекунам, ки ин фурсати бисёр мусоид барои ҷазо додани онҳоест, ки ба гуфтаи Кремл, аз худ рафта ва бисёр худбоваронаву начандон фармонраво рафтор мекарданд».

Аз ҳоло ба гуфтаи расонаҳои Русия нишонаҳое ба назар мерасанд, ки мақомоти расмӣ ғами ширкатҳоеро мехӯранд, ки бо ҳукумат дӯст ҳастанд. Рӯзномаи Коммерсант аз ҷумла ҳафтаи гузашта навишт, ки ширкати давлатии “Роснефт” 47 дар сади 9 миллиард доллареро хоҳад гирифт, ки ҳукумати Русия барои кӯмак ба ширкатҳои нафтӣ ихтисос додааст. Ширкати “Роснефт”- ро Игор Сечин муовини нахуствазири Русия ва яке аз шарикони наздики Владимир Путин раҳбарӣ мекунад. Ва “Газэнергопромбанк” як бонки вобаста ба ширкати азими давлатии “Газпром” ҳафтаи гузашта эълом кард, ки бонки дастнигармондаи “Собинбанк”-ро мехарад.

Ба гуфтаи Олга Криштановская зоҳиран дар ин бӯҳрони молӣ ҳукумати Русия аз ҳама бештар манфиат мебарад, бахусус баъзе аз ширкатҳои азими вафодорашро наҷот дода ва дар баъзе аз арсаҳои иқтисод ба монополист табдил меёбад. Дар пайи тӯфон дар бозорҳои молӣ қимати саҳмияҳо дар бозорҳои бурси Русия низ ниҳоят поён рафт ва аз моҳи май то кунун 25 фарди сарватманди Русия тақрибан 230 миллиард доллари худро аз даст доданд. Аз ҷумла Олег Дерипаска сарватмандтарин фарди Русия маҷбур шуд, то саҳмияҳои ширкати мошинсозии Канада мавсум ба Магна Интернешнл ва саҳмияҳои ширкати сохтмонии олмон Ҳоктифро бифурушад.

Барои роҳ надодан ба амиқрафти бӯҳрон ва наҷоти муассисаҳои азими молӣ ва бонкҳо ҳукумати Русия гуфт, дар сурати зарурат 200 миллиард долларро дар ихтиёри онҳо мегузорад. Аммо тақсими кӯмак онгуна ки зикраш рафт ба гуфтаи баъзе аз ҳалқаҳои тиҷоратии Русия шафоф нест. Аз ҷумла Александр Шохин раиси Иттиҳодияи соҳибкорон ва корхонадорони Русия бо нашри як номаи саркушод гуфтааст, ҷараёни кӯмаки давлат ба ширкатҳо бояд шафоф ва барои ҷомеа ошкор сурат бигирад.