Баҳси бастаи нави кӯмаки молӣ ба иқтисоди ИМА

Раиси Бонки марказии ИМА Бен Бернанке

Раиси Бонки марказии ИМА Бен Бернанке гуфт, иқтисоди Амрико ба маблағгузории навбатии ҳукумат ниёз дорад.

Нахустин изҳороти Бернанке дар бораи бастаи дуввуми кӯмакҳои ангезишдиҳандаи ҳукумат ба иқтисоди кишвар ҳангоми суханрониаш дар баробари комиссиюни буҷаи Конгрес садо дод: “Дар ҳоле, ки иқтисод заиф ба назар мерасад ва хатари кундшавии раванди рушд боқӣ мемонад, аз ҷониби Конгрес пазируфта шудани бастаи тадбирҳои молӣ қобили қабул мебуд”.


Қаблан Кохи сафед ба чунин пешниҳоди ҳизби демократӣ мухолифат мекард аммо дар айни ҳол намояндаи он эълом намуд ки ҳукумат омодааст нақшаи нашри бастаи дувуми кумакҳоро баррасӣ кунад. Бен Бернанке, раиси Бонки марказии Амрико, ки дар кумитаи будиҷаи Маҷлиси намояндагони Конгресс суханронӣ мекард, гуфт, беҳбудиҳое ки дар низоми ихтисоси вомҳо ба вуҷуд омаданд ӯро дилпур мекунанд аммо фурсати баровардани хулосаҳо ҳанӯз нарасидааст. Бо вуҷуди ин вай афзуд ки феълан вақт барои ироаи бастаи дуввуми кӯмакҳо муносиб аст:


“Барои расидан ба ҳамаи ҳадафҳо, ҳар як бастаи чораҳои ангезишбахшандаи молӣ бояд тавре тартиб дода шавад, ки дар фурсати зарурӣ таъсири тамоми масрафҳо ва фаъолиятҳои иқтисодӣ қобили мулоҳиза бошанд. Ба вижа дар тули замоне, ки бидуни чунин чораҳо ҳадс зада мешавад, ки иқтисод заиф мегардад. Ба хотири гирифтани самари ҳадалимкон аз ҳар як доллари давлатии масрафшуда, ҳар як чораи молӣ бояд ҳадафи мушаххас дошта бошад”.

Тобистони гузашта ҳукумати ИМА дар чаҳорчуби нахустин бастаи кӯмакҳои ангезишбахшанда дастикам 100 миллиард доллар миёни молиётпардозони кишвар тақсим намуда буд, аммо масрафоти муштариён баъд аз замони дарёфти он пулҳо коҳиш ёфт.

Ин дар ҳолест, ки қудратҳои аврупоӣ низ нақшаҳои кӯмак ба иқтисоди худро таҳия мекунанд. Ҳамин тавр вазири молияи Британиё Алистер Дарлинг ба хабаргузории “the Sunday Telegraph” гуфт, ки кишвараш бояд пули бештаре қарз гирифта, ин маблағро барои муқобила бо бадтарин рукуди иқтисоди харҷ намояд. Бино бар иттилоъи рӯзномаи “The Financial Times”, Лондон мехоҳад ба барномаҳои сохтмонӣ чандин миллиард фунт стерлинг маблағгузори намояд.

Дар ҳамин ҳол имкон дорад раисиҷумҳури Фаронса Николас Саркозӣ ба риштаҳои сохтмони роҳи оҳан ва тавлиди мошинҳои сабукрав ёрӣ расонад. Рузномаи фаронсавии “Le Monde” навиштааст, ки мумкин аст Саркозӣ тадобиреро ба хотири гирифтани пеши роҳи афзоиши бекорӣ эълон кунад.

Сухангӯи ҳукумати Олмон гуфт, ки давлат чораҳо барои ангезиш додани сармоягузорӣ дар бахшҳои вижаи иқтисодро баррасӣ мекунад. Хабарҳо дар бораи имкони интишори дуввум бастаи кӯмакҳои ангезишбахшанда ба молиётпардозони амрикоӣ, муодил ба 100 миллиард доллар, ба бозорҳои саҳомии кишвар таъсири мусбат дошт. Ҳамин тавр рӯзи душанбе дар давоми рӯз шохиси аслии Амрико Доу Ҷонс дар ҳоли рушд буд ва ба беш аз 2 дар сад афзоиш даст ёфта буд.