Имсол ба Тоҷикистон 72 000 мошин ворид кардаанд

Normal 0

Мақомоти гумруки Тоҷикистон мегӯянд, тайи 9 моҳи соли равон аз хориҷ ба ин кишвар беш аз 72 000 мошин ворид шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 40 дарсад бештар аст. Неъматбой Раҳматов, муовини раиси Хадамоти гумрук гуфт, тайи 9 моҳи аввали соли гузашта ба Тоҷикистон ҳамагӣ 51 000 мошин ворид шуда буд.