«Ман солҳо дар орзӯи дидори мардуми тоҷик будам. Чун мардуми тоҷик мардуми худам ҳастанд ва ман ҳам яке аз онҳо ҳаcтам. Ман ҳамеша хоби Тоҷикистонро медидам ва мехостам дар ин ҷо барои мардуми худам тарона бихонам. Дар Тоҷикистон сурудҳои маро дӯст медоранду зиёд гӯш мекунанд ва ман низ тоҷиконро дӯст медорам. Имрӯз ман ба орзӯям расидам ва дохили Тоҷикистон шудам. Баъд аз ду рӯз барномаи хунарӣ хоҳам дошт ва яқин медонам, ки он рӯзи хубу мубораке хоҳад буд.»
Шумо, ки қаблан Тоҷикистонро надида будед, чӣ гуна ин кишварро хонаи дуввуми худ унвон кардед?
«Ман бо мардумаш ошноям. Ва ман медонам ки чӣ тавр мардуми тоҷик фарҳангу ҳунарро дӯст медоранд, мусиқиву зебоиро мепарастанд. Улфати хеле дерина ҳам бо Афғонистон доштанду доранд. Солҳои ахир бо сурудҳои ман низ хуб ошноянд. Ман чунин ҳис кардам, ки он дардҳое, ки ман дар таронаҳоям дорам, барои тоҷикон низ ин дардҳо ошност. Он гармие, ки ман дар таронаҳоям дорам, аз сӯи онҳо хуб дарк карда мешавад. Пас чаро мо бояд бегонагӣ кунем?»
Дар ҳоле, ки аксари ҳунармандони форсизабон кӯшиш мекунанд, ки дар Аврупо сукунат дошта бошанд, шумо пайваста ба Афғонистон сафар намудаву, аксари вақти худро дар ватан паси сар мекунед.
«Афғонистон имрӯз дар он ҳолатест, ки ба вуҷуди мо, мардумҳои мисли мо зарурат дорад. Мо бояд дар канори ватани худ бошем. Ба ҳангоме, ки Афғонистон биҳишт шавад, бар ману касе дигар ниёз нахоҳад дошт. Аз ин лиҳоз, муҳаббати беандоза нисбати Афғонистон маро ба он водор мекунад, ки ман бештари вақт дар ватанам зиндагӣ кунам, барояшон кору талош кунам, то ин ки барои фардояшон дасти умедворӣ бошам.»
Чунин ба назар мерасад, ки нисбати кӯдакон илтифоти беандоза доред ва рӯиҳам барояшон консертҳои хайриявӣ ташкил мекунед.
«Барои кӯдакон солҳост, ки кор мекунам. Дар Афғонистон кӯдакон ҷиддӣ гирифта намешаванд. Аксари онҳо бар асари ҷангҳое, ки тавассути мо бузургсолон ба роҳ афтода шуд, онҳо дар кӯчаҳо ронда шудаанд ва ман орзӯманд ҳастам, ки таваҷҷӯҳи ҷомеаву сиёсатмадорҳоро ба ин тифлон, ки ояндаи Афғонистонанд, ҷалб намоям.»
Оё дар нисбати ҳамкорӣ бо ҳунармандони тоҷик нақша доред ё хайр?
«Яқинан, ҳамкории ман бо онҳо аз ҳамин консерт оғоз мешавад. Ду ҳунарманди соҳибноми тоҷик аз ҷумлаи ҷавонҳо: Садриддини Наҷмиддин ва Шабнами Сурайё дар барнома иштирок доранд, ки ҳар дуи онҳоро ман мешиносам ва бо оҳангҳояшон шиносам. Ва маҳз онҳо барномаи консертиро оғоз хоҳанд кард.»