Normal 0
Нирӯҳои Амрико мегӯянд, қатли фармондеҳи дуввуми Ал-Қоида дар шимоли Ироқ дар авоили моҳи равон мунҷар ба талафоти бузурге барои ин шабакаи террористӣ шуд.
Абӯ Қасвара, мулаққаб ба Абӯ Сара, зодаи Марокаш, рӯзи 5 октябр дар ҷараёни амалиёт дар як сохтмон дар шаҳри Мувсил ба ҳалокат расидааст. Фармондеҳони амрикоӣ Мувсил, севвумин шаҳри бузурги Ироқро охирин пойгоҳи шаҳрии Ал-Қоида дар Ироқ мехонанд.