Ҷойгоҳи Русия дар ОМ пас аз бӯҳрони Қафқоз

Коршиносони мегӯянд, Русия пас аз бӯҳрони Қафқоз ба тақвияти зарфиятҳои пойгоҳи низомиаш дар Тоҷикистон бештар таваҷҷӯҳ хоҳад кард.

Онҳо мегӯянд, ин пойгоҳ бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷа аст, ки Маскав ба далели мавҷудияти он дар Осиёи Марказӣ аз лиҳози нуфузи низомӣ дар минтақа аз рақибонаш пешдаст аст. Дар ҳамин ҳол коршиносон дар қудрати бештари низомӣ пайдо кардани Русия дар минтақаву Тоҷикистон назари ҳамсон надоранд. Дар ҳоле ки Русия пойгоҳи низомиаш дар Тоҷикистонро ба масобаи ягона пойгоҳ дар марзи ҷанубӣ ва сипари ИДМ аз таҳдиди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддиру аслиҳа ва ҳар гуна ҷиноятҳои созмонёфта муаррифӣ мекунад, иддае аз коршиносон бар онанд, ки ин пойгоҳ аслан ба ҳифзи манофеъи Русия дар минтақа хидмат мекунад, аз ҷумла ҷилавгирӣ аз афзойиши нуфузи низомии Амрико ва НАТО.

Қосими Бекмуҳаммад, коршинос дар умури сиёсӣ, мегӯяд, бӯҳрони Қафқоз пеши Русия аҳамияти тақвияти ҳузури низомиаш дар Осиёи Марказӣ ва қабл аз ҳама пойгоҳи низомиаш дар Тоҷикистонро боло бурдааст, он ҷо, ки нуфузи низомии Амрикову НАТО рӯ ба афзойиш аст: «Шакке нест, ки дар пайи бӯҳрони Қафқоз Русия дар фазои Осиёи Марказӣ тақвияти ҳузури низомии худро заминаи бисёр муносиб барои рақобат бо Амрико ва НАТО медонад. Дар тӯли вуҷуди беш аз 15 соли ИДМ мо шоҳиди таҳдид аз хориҷ ба амнияти ин кишварҳо ба гунае, ки Русия муаррифӣ мекунад, ва ба гунае, ки қобили эҳсос ва дарк бошад, набудем. Яъне Русия дунболи расидан ба манофеъи геополитикии худ дар минтақаи ҳассоси Осиёи Марказӣ мебошад».

Дар ҳамин ҳол, иддае дигар аз коршиносон бар нақши калидии пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон таъкид карда, онро маҳоркунандаи ҳар гуна мухолифатҳои дохилии минтақа ва таҳдидҳои хориҷӣ меноманд. Исмоил Раҳматов, устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, мегӯяд, тақвияти пойгоҳу воҳидҳои низомии Русия дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ва дигар марзҳои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ бар асоси тавофуқи кишварҳои узви ин иттиҳод сурат мегирад. Вай афзуд, тақвияти ҳузури низомии русҳо дар Осиёи Марказӣ бахусус дар ҳоли норӯшании ояндаи вазъ дар Афғонистон амри зарурист ва набояд манфӣ арзёбӣ шавад:

«ИМА дар 114 давлати дунё пойгоҳи низомӣ дорад. Давлати абарқудрат аст. Ба ин мо чизе гуфта наметавонем. Бо он вуҷуд, ки дар Ҷопону Куриёи Ҷанубӣ мардум аз ҳузури амрикоиҳо эътироз мекунанд, пойгоҳҳояш вуҷуд доранд. Дар Олмон мардум амнияти худро бидуни пойгоҳи низомии Амрико дида наметавонанд. Онҳо талаб мекунанд, ки амрикоиҳо нараванд. Бархе мегӯянд, ки пойгоҳи низомии русҳо дар Осиёи Марказӣ набошанд. Чаро набошад, вақте амнияти минтақаро таъмин мекунад?».

Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон моҳи октябри соли 2004 дар заминаи фирқаи 201 таъсис ёфта, аз 5 ҳазор сарбозу афсар дар воҳидҳои пиёданизом дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа, муҷтамаъи назорати кайҳонии мавсум ба «Окно», воқеъ дар Норак ва як воҳиди нируҳои ҳавоӣ дар Душанбе иборат аст. Соли равон зимни сафараш ба Тоҷикистон Дмитрий Медведев, раисҷумҳури Русия эълом дошт, ки аз фурудгоҳи низомии Айнӣ, воқеъ дар ноҳияи Ҳисор низ пойгоҳи низомии кишвараш ва Тоҷикистон муштарак истифода хоҳанд бурд.

Дар ҳоле ки бар аҳамияти ҳузури низомии Русия дар амри пойдории амният дар минтақаву Тоҷикистон ишора мешавад, коршиносон мегӯянд, қаблан дахолати воҳидҳои низомии Русия дар умури дохилаи кишварҳои минтақа низ ба назар расидааст. Аз ҷумла зикр мешавад, ки дар ҷанги дохилии Тоҷикистон бо он вуҷуд ки Русия эъломи бетарафӣ карда буд, ба таври пинҳонӣ аз яке ҷонибҳои даргир ҷонибдорӣ карда буд.

Қосими Бекмуҳаммад, коршинос дар умури сиёсӣ мегӯяд, то ба ҳол ин гуна бархӯрди Русия ба нерӯҳо ва муборизаҳои сиёсӣ дар дохили Осиёи Марказӣ низ тағйир нахӯрдааст, ки ин ҳол бахусус барои Тоҷикистон мояи нигаронист: «Таҷрибаи то имрӯз мавҷуди ҳузури низомии Русия дар хориҷ нишон медиҳад, ки дар ҳаллу фасли бӯҳронҳои дохилии ин кишварҳо натиҷаи матлуб надоштааст ва ҳатто Русия бо таваҷҷӯҳ ба таҳаввулот ва дастандаркорони он ба истилоҳ ҳолати бетарафиро гирифтааст, ки намунаи инро мо дар бурузи инқилоби ранга дар Қирғизистон мушоҳида кардем».

Дар ҳамин ҳол, Исмоил Раҳматов, устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия мегӯяд, Маскав дар Тоҷикистон нозири вазъ ва бетараф аст, дар муборизаҳои дохилӣ аз оппозитсион ва ҳукумат ё нерӯҳи зидди ҳукумати марказӣ пуштибонӣ намекунад. Вай афзуд: «Дастгирии оппозитсияи солим ин сиёсати муваффақона аст. Агар он оппозитсияе бошад, ки тариқи интихобот ва бо роҳҳои қонуниву демократӣ мубориза мебарад. Ин иқдоми хуб аст. Ба нафъи Тоҷикистону мардумаш аст».

Коршиносон мегӯянд, тақвияти пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон дар ҳоле ба манфиатҳои миллии кишвар мувофиқ аст, ки ҳамоно рисолати хешро, тавре Маскав муаррифӣ мекунад, ҳамчун кафили амнияти минтақа нигоҳ дорад. Онҳо мегӯянд, дар акси ҳол бозгашти Тоҷикистон таҳти таъсири бидуни баҳси Русия ба мисли солҳои 90-ум сиёсати дарҳои боз ва истиқлолияти кишварро таҳти суол хоҳад бурд.