Ба онҳо имрӯз, 13 октябр, соҳибкори тоҷик Муҳаммадрозиқ Неъматов, ки дар Дубай кор ва тиҷорат мекунад, ин гуна ваъда дод.
Муҳаммадрозиқ Неъматов – муассис ва сарвари ширкати «Ориён Груп» ба Юсуф Абдусаломов ва Расул Боқиев, ки имсол дар Бозиҳои олимпии Пекин нахустин нишонҳои олимпии Тоҷикистонро ба даст оварданд, автомобил дод.
Ҳамакнун, ин соҳибкори тоҷик имрӯз эълом намуд, ки варзишгари тоҷике, ки дар Бозиҳои олимпии Лондон-2012 соҳиби медали тилло мегардад, дар Дубай хонаи сеҳуҷраӣ хоҳад гирифт. Барои нишони нуқра хонаи дуҳуҷраӣ ва барои нишони биринҷӣ хонаи якҳуҷрадор насиби варзишгари тоҷик хоҳад шуд.
Ҷаноби Неъматов гуфт, ҳарчанд то соли 2012 ҳанӯз вақти зиёд аст, вале беҳтар аст, ки аз имрӯз ҷавоизро эълон намуд, то варзишгарон барои пирӯзиҳо ва ҳамзамон барои хона дар Дубай, ки гуфта мешавад, дар соли 2012 зеботарин шаҳри ҷаҳон хоҳад шуд, омодагӣ бигиранд.