Даргирии хунин дар Қалат

Normal 0

Нирӯҳои Амрико мегӯянд, дар як задухӯрд дар ҷануби Афғонистон 43 ҷангии толиб кушта шудаанд. Ин даргирӣ дар пайи ҳамла ба як ҳайъати муштараки дидбонӣ дар улусволии Қалати вилояти Зобул рух додааст. Мақомоти низомии Амрико мегӯянд, нирӯҳои эътилоф ва Афғонистон дар ин задухӯрд талафоти ҷонӣ надодаанд.