Муҳоҷират аз Суғд 2 маротиба камтар шудааст

Normal 0 Шӯҳрат Аҳмадов, раҳбари Хадамоти муҳоҷирати вазорати умури дохила дар вилояти Суғд гуфтааст, ки имсол мизони муҳоҷират ба хориҷ аз шимоли Тоҷикистон назар ба соли қабл 2 маротиба коҳиш ёфтааст. Имсол аз вилояти Суғд 176 000 ба хотири дарёфти рӯзии хонаводаҳои худ озими муҳоҷират шудаанд. Ва ин дар ҳолест, ки тайи 9 моҳи аввали соли гузашта беш аз 370 000 нафар ба ҳамин мақсад қасди тарки ин вилоят карда будаанд. Тақрибан 90 дарсади муҳоҷирон аз вилояти Суғд ба Русия мерафтаанд.