Як гурӯҳ занони ноҳияи Рашт дар назди биное, ки дар он шӯъбаи минтақавии вазорати умури дохила зидди ҷиноятҳои муташаккил ҷойгир аст, ҷамъ омада, аз сардори ин шӯъба - Мирзохуҷа Аҳмадов тақозо кардаанд, то силоҳҳои худро ба ҳукумат таслим кунад.
Дар ҷавоб Мирзохуҷа Аҳмадов гуфтааст, ки ӯ силоҳи зиёдатӣ надорад ва бо ҳайати кормандони шӯъбаи минтақавии вазорати умури дохила зидди ҷиноятҳои муташаккил дар ҷаҳорчуби қонунҳои Тоҷикистон амал мекунад.
Олим Одилов, муъовини сардори шӯъбаи мазкур, таҷаммӯъи занон дар назди бинои шӯъбаро як амали тарҳрезишудаи фармоишӣ бар зидди Мирзохуҷа Аҳмадов дар остонаи сафари раисиҷумҳур ба ин минтақа номид.
Ҳамзамон яке аз занҳои ширкаткунанда дар ин таҷаммӯъ, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кардааст, гуфтааст, ки ӯро ҳамчун раиси маҳалла барои ширкат дар маҷлис гуфта, ба назди ин бино овардаанд ва аз ҳадафи ҳамоиш огоҳӣ надоштааст.