Шумораи қурбониҳои таркишҳои Ироқ афзоиш меёбад

Дирӯз бар асари силсилаи бомбгузориҳо дар шаҳри Бағдод камаш 23 нафар ҳалок шуданд. Таркишҳо дар гӯшаҳои мухталифи пойтахти Ироқ ба амал омада, даҳҳо нафари дигарро маҷрӯҳ намуданд. Се бомба чанд дақиқа пеш аз оғози ифтор мунфаҷир шуданд.