Тақдири минбаъдаи сардабири “Чароғи рӯз” ва раҳбари ҷунбиши “Ватандор” Додоҷони Атовуллоҳ – дар сархати муҳимтарин матолиби нашрияҳои инҳафтаинаи чопи Душанбе.
"Asia-Plus” дар пасманзари акси Додоҷони Атовуллоҳ ва Бобоҷон Бобохонов навиштааст: «Ин дафъа додситони кулл қавли худро иҷро кард». Ба таъкиди нашрия, ҳанӯз ду моҳ пеш дар пайи як нишасти хабарӣ додситони кулл аз Додоҷони Атовуллоҳ ба унвони «террористи матбуъотӣ» ном бурда, гуфта буд, ки, агар Додоҷон Атовуллоев фаъъолияти иғвоангезонаашро идома диҳад, мақомот ҳатман ӯро боздошт хоҳанд кард.
Дар суҳбат бо “Asia-Plus” оқои Атовуллоҳ гуфтааст, ин иқдоми Додситонии кулли Тоҷикистон барои ӯ ногаҳониву ғайриинтизор набуд ва, гузашта аз ин, мақомоти Олмон барояш санади тревелл додаанд, ки истирдодаш ба ҳама кишварҳои ҷаҳонро манъ мекунад. Аммо бештари ҳамсуҳбатони ин нашрияи русизабон аз Додоҷони Атовуллоҳ ба унвони як рӯзноманигори пурғараз ном бурда, гуфтаанд, ки, «мутаассифона, ин талоши ҳукумат “плюс”-е ба нуфузи ӯ хоҳад афзуд». Аз ҷумла, сиёсатшинос ва корманди масъули Маркази мутолеъоти назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров гуфтааст, ки феълан Додоҷони Атовуллоҳ «дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоъии кишвар ҳеч нақше надорад ва аз ин рӯ набояд ба ҳар гуфтаи ӯ аҳаммият дода сарро гиҷ кард».
Дар ҳамин ҳол, нашрияи «Фараж» ба нуктаи дигари ин масъала ишора кардааст. Ҳафтанома менависад, дар Тоҷикистон баробари боз кардани парванда алайҳи ин журналист расонае, ки матолиби онро чоп кардааст, ҳамҷавобгар шинохта мешавад. Вале, ба навиштаи «Фараж», то ҳанӯз мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон перомуни сомонаи интернетии «Фергана.ру», ки матолиб ва суҳбатҳои Додоҷони Атовуллоҳро пайваста нашр мекунад, чизе нагуфтааст. Ин нашрия суъолеро матраҳ мекунад, ки «оё додситонӣ дар нисбати ин сомонаи интернетӣ низ парванда боз хоҳад карда ё на?»
Дар пайи ин раддубадалҳои мақомоти додситонии Тоҷикистон бо Додоҷони Атовуллоҳ, нашрияи «Миллат» танқиди Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, узви Маҷлиси Миллӣ, аз аҳзоби сиёсии кишварро ба баҳс кашидааст. Оқои Тӯраҷонзода ҳафтаи гузашта дар ҳафтаномаи «Нигоҳ» аз аҳзоби сиёсии Тоҷикистон барои надоштани барномаи хосси иқтисодӣ интиқод карда буд.
Дар ҳамин ҳол, намояндагони 8 ҳизби сиёсии кишвар ҳамчун вокуниш даъвои Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаро бидуни асос, иштибоҳ ва дасисаи навбатӣ унвон кардаанд. Аз ҷумла, раиси Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон Раҳматуллоҳ Зойиров иддаъо кардааст, ки ин ҳизб натанҳо барномаи иқтисодӣ, балки тарҳи алтернативии стротежии рушди миллии Тоҷикистон дар солҳои 2007 – 2015-ро омода карда буд, ҳарчанд аз сӯи ҳукумат ин иқдомҳо пуштибонӣ наёфт.
«Ҳукумат бояд тавони эҳтиром ба мухолифинро дошта бошад”. Зери ин сарлавҳа «Озодагон» суҳбатеро бо Масъуд Собиров, раиси ҳизби расман эътирофшудаи демократи Тоҷикистон, нашр кардааст. Оқои Собиров дар ин мусоҳиба, аз ҷумла, гуфтааст, ки таърихи муъосири Тоҷикистон баёнгари он аст, ки ҳукумат бо ҳеч як аз нерӯҳои ҷиддии мухолифин муросо кардан намехоҳад. Ҳамчунин, оқои Собиров ба сиёсати кадрӣ дар Тоҷикистон дахл карда иддаъо мекунад, ки бисёриҳо барои манофеъи шахсии худ барои дарёфти мансабҳои давлатӣ довталабӣ мекунанд, «ҳарчанд музди моҳонаи ин мансабҳо ҳатто барои раҳпулии якмоҳаашон кифоят намекунад».