Нокомии Акбар Раҳмон дар чаҳорякфинал

Варзишгари ҷавони тоҷик Акбар Раҳмон дар мусобиқаи байналмилалии теннис байни наврасон, ки дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон баргузор шуд, дар сабқати интихобӣ бар ҳарифони худ – теннисбозони қирғизу қазоқ ғалаба карда, ба даври баъдӣ роҳ ёфт.

Вале Акбар дар чаҳорякфинал аз ғолиби ин мусобиқот Христос Кейсиди, теннисбози Узбакистон, бо ҳисоби 1:6 ва 1:6 мағлуб шуд.

Кейсиди дар бозии ниҳоӣ бар теннисбози қазоқ Ойдин Рахишев бо ҳисоби 7:6 ва 7:1 пирӯз гардид.

Воқеъан теннисбозони тоҷик мавқеъи худро дар рейтинг ё феҳристи ҷаҳонӣ нисбат ба соли гузашта 11 зина боло карданд ва дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар айни ҳол дар ҷои 95-ум қарор дорад. Бояд тазаккур дод, ки дастаи Тоҷикистон барои аввалин бор байни 100 дастаи беҳтарини ҷаҳон ҷойгир шудааст. Тоҷикистон байни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Туркманистону Қирғизистон пеш аст.