Normal 0
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, додситонии кулли ин кишвар алайҳи Додоҷони Атовуллоҳ, раҳбари ҷунбиши сабтиномнашудаи “Ватандор” ва муассиси нашрияи “Чароғи рӯз”, чопи Маскав, бо иттиҳоми таҳқиру тавҳини шахси раисиҷумҳур ва даъват ба сарнагун кардани низом парвандаи нави ҷиноӣ боз ва дастури боздошти ӯро содир кардааст.
Додоҷони Атовуллоҳ, ки аз поёни соли 1992 дар ғурбат ба сар мебарад, иқдоми ахири додситонии кулли Тоҷикистонро ҳамла ба ҳамаи хабарнигорони тоҷик унвон кард.