Парвандаи ҷиноӣ алайҳи Додоҷони Атовуллоҳ

Додоҷони Атовуллоҳ

Додситонии кулли Тоҷикистон нисбат ба Додоҷони Атовулло сардабири нашрияи «Чароғи рӯз» парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Муҳаммадалӣ Асадуллоев, сухангӯи Вазорати дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, Дододҷони Атовулло, ки дар хориҷ аз кишвар ба сар мебарад, дар даъват барои сарнагунии низоми ҳоким ва барои тӯҳмату таҳқир ба роҳбарияти давлат ва ҳукумат муттаҳам шудааст.

Додоҷони Атовулло зимни як тамоси телефонӣ бо мо гуфт, худро муттаҳам намедонад ва ҳаргиз даъвате ба сарнагуни давлат ва ё касеро таҳқир накардааст. Ба гуфтаи оқои Атовулло, ҳадафи мақомот аз чунин коре ҳушдор додан ба матбуоти рӯ ба эҳё ва тарсонидани наҳзати журналистиест, ки ахаиран, талош дорад, ба ҳар навъе ҳақиқатҳоеро ифшо кунад.

Акбари Саттор - раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон мӯътақид аст, оғози парвандаи ҷиноӣ дар мавриди Додоҷони Атовулло пайомади манфие барои раванди рӯ ба эҳёи журналистикаи тоҷик нахоҳад дошт.

Нуриддин Қаршибоев - раиси АМРМТ мегӯяд, ин иқдом алайҳи Додоҷони Атовулло як амали беҳуда аст. Зеро кишварҳои мутамаддин ба озодии баён эҳтиром доранд ва барои чунин коре шахсро таъқиб намекунанд. Ӯ боздошти Атовуллоев ва истирдоди ӯ ба Тоҷикистонро баъид медонад.

Ин маротибаи севвум аст, ки мақомоти Тоҷикистон нисбат ба Додоҷон Атовулло парвандаи ҷиноӣ боз мекунанд. Дар ду навбати гузашта ин парвандаҳоро баста буданд. Аммо оқои Атовулло дар тобистони соли 2001 бо дархости ҷониби Тоҷикистон дар Маскав боздошт шуд, вале баъди якуним рӯз дубора раҳо гашт. Ин навбат то кунун мақомоти Тоҷикистон нагуфтаанд, ки барои боздошт ва бозпас овардани Додоҷони Атовулло ба Маскав дархост ироъа кардаанд ё не. Ҳарчанд, гуфтааанд, оқои Атовуллоев таҳти пайгарди қонун ё дар ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор дорад.