Русия ва САҲА ба созиш нарасиданд

Музокироти миёни Русия ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар робита ба интиқоли нозирони иловагӣ ба Гурҷистон мутаваққиф гардид. Ба иттилоъи Финляндия - раҳбари даврии САҲА, ин музокирот, ки як моҳ боз идома дорад, ба бунбаст ворид шуд, зеро ҷонибҳо дар мавриди минтақаҳои мустақаршавии 80 нозири низомии САҲА ба созиш нарасиданд.