Паралимпиадаи Пекин: ҷамъбаст ва натиҷаҳо

Маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш»-и Радиои Озодӣ тақдими шумо мегардад.

Барномаи навбатии маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» бо як хабар дар бораи ҷамъбасти Бозиҳои 13-уми паралимпӣ, ки дар пойтахти Чин- шаҳри Пекин - бо ширкати беш аз 4 ҳазор варзишгари маълул аз 148 кишвари ҷаҳон дар 20 ришта тӯли 12 рӯз идома карданд, оғоз мешавад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба таэквон-до ITF байни наврасон дар шаҳри Тошканди Узбакистон ширкат дорад. Дар ин барнома сӯҳбате дорем бо Мирсаид Яҳёев, раиси Федеросиюни таэквон-до ITF-и Тоҷикистон.

Дастаи «Регар» ТадАЗ-и шаҳри Турсунзода 19-уми сентябр дар варзишгоҳи марказии «Спартак»-и пойтахти Қирғизистон дар бозии ниманиҳоии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё бо дастаи «Ишқобод»-и Туркманистон қувваозмоӣ мекунад. Сӯҳбати мо бо Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи «Регар» ТадАЗ, ба ин мавзӯъ бахшида шудааст.

Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.