Таъсиси Бунёди хайрияи «Фирдавсӣ» дар Қирғизистон

Қирғизистон, кӯҳҳои Ала-тоо

Дар пойтахти Қирғизистон бо ташаббуси як гурӯҳ равшанфикрони тоҷики муқими инҷо Бунёди хайрияи ба номи Абулқосими Фирдавсӣ таъсис шуд.
Бино бар ойинномаи бунёд, ки ин рушду такомули суннатҳои миллии тоҷикӣ дар Қирғизистон, ироъаи кумакҳои ҳамаҷонибаи молӣ ба хонаводаҳои камбизоъат, ятимон ва маълӯлон аз ҳадафҳои аслии фаъъолияти бунёди мазкур мебошад.
Зафарбек Юсуфов, яке аз муассисони бунёди мазкур, дар як суҳбати ихтисосӣ ба радиои «Озодӣ» чунин гуфт: «Мо таъсиси ин бунёдро дер боз ба нақша гирифта будем, зеро дарк мекардем, ки дар Қирғизистон ягон фонди алоҳидае вуҷуд надорад, то ба масъалаи пешрафту такомули суннатҳои мардуми мо,тоҷикони муқими инҷо, сару кор дошта бошад. Дақиқтараш, дар байни як гурӯҳ ҷавонони тоҷик эҳсоси баланди мардонагӣ ва ғурури миллӣ пайдо шуд, ки ки мунҷар ба ташкили чунин як фонд гардид. Ин бунёд, қабл аз ҳама, барои ҳимояи арзишҳои миллии мо хидмат хоҳад кард».
Дар ҳамин ҳол Қодиршоҳи Мурувват, раиси созмони тоҷикони шаҳри Бишкек, таъсиси ин бунёдро ҳамчун фоли нек арзёбӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, воқиъан раҳандозии чунин бунёд барои тарғибу ташвиқи тамаддуну фарҳанги тоҷикон ва арза намудани фарҳанги ин миллати бостонӣ хеле аҳаммияти муҳиммеро касб хоҳад кард. Қодиршоҳи Мурувват мегӯяд, ки аз тарафи Бунёди хайрияи «Фирдавсӣ» нишони махсусе бо оби тило низ таъсис дода шудааст, ки ба ашхоси арзандаи фарҳангу адаби чи Қирғизистон ва чи хориҷи он тақдим хоҳанд шуд.
Ба гуфтаи раҳбарияти созмон, ин бунёд тасмим гирифтааст, бо созмонҳои дигари хайрияи Тоҷикистон ва соири кишварҳои минтақа ҳамкорӣ кунад.
Ҳафтаи равон шумораи нахустини нашрияи Бунёди хайрияи «Фирдавсӣ» бо номи «Паёми Ала Тоо» ба забони тоҷикӣ аз дасти чоп баромад. Гуфта мешавад, ки шумораҳои дигари он ба забонҳои қирғизӣ ва русӣ низ мавод ба табъ хоҳад расонид.