Шаҳрвандони хориҷӣ хонум Гарсиа Ҷонна Гардуоси, табаъаи Филлипин, Макомгоза Азвиндин Флора, шаҳрванди ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ, ва Хонзода валади Бутхок, шаҳрванди Афғонистон, аз сӯи додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар қочоқи маводди мухаддир муттаҳам шинохта шудаанд.
Дар ҳоли ҳозир, муҳокимаи додгоҳии ин шаҳрвандони хориҷӣ дар додгоҳ ба анҷом расидааст. Савриддин Тошев, додраси ноҳияи Шоҳмансур, мегӯяд хонум Гарсиа Ҷона Гардоусӣ мехост тақрибан 3 килограмм ҳероинро ба кишвари худ интиқол бидиҳад, вале аз сӯи кормандони идораи гумрук дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе боздошт шуд ва акнун бо ҳукми додгоҳ ба 13 соли зиндон маҳкум шудааст.
Додраси ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ҳамчунин гуфт, ки шаҳрванди африқоӣ низ қасд дошт наздики 6 килограмм ҳероинро тавассути роҳи ҳавоӣ ба Истанбул ба шаҳри Йоҳаннесбург (Африқои ҷанубӣ) интиқол диҳад.
Ба гуфтаи оқои Тошев, ҷинояткори филиппинӣ низ, ки ҳама иттиҳомоти эълоншуда алайҳи худро дар мурофиъаи додгоҳӣ иқрор шудааст, давраи зиндонро дар маҳбаси низоми умумии занона сипарӣ хоҳад кард. Ҳамин манбаъ мегӯяд, ки шаҳрвандони Африқои ҷанубӣ ва Афғонистон аз ҳукми додгоҳ норозигӣ баён кардаанд ва эҳтимол меравад дурустии ҳукмро дар зинаи болоӣ ба баҳс бикашанд.
Гуфта мешавад, ҳам шаҳрванди Филлипин ва ҳам шаҳрванди Африқои ҷанубӣ ба ҳайси сайёҳ вориди Тоҷикистон шудаанд. Вале тафтишот ошкор кардааст, ки интихоби саёҳат ба Тоҷикистон аз сӯи онҳо бо ҳадафи ширкат дар тиҷорати маводди мухаддир пайрезӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол, ҷараёни баррасӣ дар додгоҳ исбот кардааст, ки ин ду шаҳрванди хориҷӣ аз Хонзода валади Бутхок, як шаҳрванди Афғонистон (дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекардааст) маводди мухаддир дарёфт кардаанд. Ва ба ҳамин далел додгоҳ ин афғонистониро барои нигаҳдории маводи мухаддир ва ширкат дар қочоқи он ба 16,5 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.
Бар пояи маводди тафтишот нафаре бо ном ва ё лақаби Ҳаким, ки ҳувият ва шаҳрвандии ӯ то кунун норавшан боқӣ мемонад, дар ҳамаи ин амалиёт ва ҳаракати қочоқи маводди мухаддир бо шаҳрвандони хориҷӣ иштирок кардааст.