Дар маросими ботантанаи хатми ҷашнвора шоҳҷоизаро ба коргардон Мухтор Қулмуҳаммад вазири фарҳанг ва иттилооти Қазоқистон ва ситораи синамои Фаронса ва ҷаҳон Изабелл Адҷони супориданд. Дар ҷашнвора барои 10 филми коргардонҳои чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ панҷ ҷоиза муқаррар гардида буд. Ҷоизаи “Беҳтарин офарандаи нақши занона” насиби Ирина Агейкина дар филми қазоқии “Таронаи дарёҳои ҷануб” гардид. Ҷоизаи “Беҳтарин офарандаи нақши мардона” ба ду ҳунарпеша - яке ба Бахитҷон Алпеисови қазоқ ва дигаре ба ҳунарпешаи узбак Диас Раҳматов дар филми “Одамони хурд” супорида шуд.
Офарандаи филми қазоқии “Ҳамроҳ бо падар” Дониёр Саломат беҳтарин коргардони ҷашнвора дониста шуд. Филми коргардони ҷавони қирғиз Темур Бирназаров “Роҳи номаълум” бо ҷоизаи вижаи доварон қадр гардид. Барои Темур, ки ба гуфтааш, пайванд бо тоҷикон дорад, ин дуюмин ҷоиза дар ҷашнвора буд. Филми бадеии кӯтоҳи ӯ “Парз” низ соҳиби ҷоизаи вижа гардид. Дар байни 15 филми кутоҳи бадеӣ, ки дар ин озмуни ҳунар ва зебоӣ ширкат доштанд, филми коргардони қазоқ Талгат Бектурсунов бо номи “113-ум” беҳтарин дониста шуда, соҳиби ҷоизаи аввал гардид.
Дар ин ҷашнвора тайи як ҳафта беш аз 70 филми бадеӣ намоиш дода шуданд, ки аз онҳо 25-тоаш филмҳои озмунӣ буданд. Аз ҷумла, дар ҷашнвора филми бадеии коргардон Юнус Юсуфов бо номи “Зистан мехоҳам” ва филмҳои кӯтоҳи Искандар Усмонов “Ҳаром ва ҳалол” ва филми “Бобо”и коргардон Азиз Сатторов дар озмун ширкат доштанд. Вале филмҳои коргардонҳои тоҷик ягон ҷоиза ба даст оварда натавонистанд.
Саъдулло Раҳимов, синамошиноси тоҷик, сабаби асосии дар байни кишварҳои ширкаткунандаи ҷашнвора фақат Тоҷикистон аз ҷоиза бенасиб монданашро ба ду омил баста медонад. Тавре оқои Раҳимов мегӯяд, “нахуст аслан ҷашнвора дидгоҳ ва мавқеъи худи қазоқиро дорад ва онҳо мехоҳанд, ки синамои миллӣ аз ҷониби мақомоти ҷашнвора ва дигар ҷойҳо бояд дастирӣ шавад. Ман инро мефаҳмам ва ба андозае қабул ҳам дорам. Аз сӯи дигар, сатҳи филмҳои тоҷикӣ дар муқоиса бо филмҳое, ки дар ин ҷо пешниҳод гардидаанду ҷоиза гирифтанд, он қадар боло набуд. Ҳарчанд агар воқеъбинона назар кунем ба фестивал, аз нигоҳи ҳунари актёрӣ яке аз филмҳои мо Зистан мехоҳам болотар аз филмҳое буд, ки соҳиби ҷоиза гардиданд. Барои ин ки Нурулло Абдуллоев дар ин филм хеле моҳрона ва хеле арзанда ва мувофиқи талаботи ҳамон образ бозӣ кардааст”.
Вале, ба таъкиди оқои Раҳимов, худи ширкат дар ҷашнвора ва дар он ба намоиш гузошта шудани се филми нави тоҷикӣ ва ҳамчунин ошноӣ бо коргардонҳои кишварҳои сайёра ва асарҳои онон барои коргардонҳову ҳунарпешагони тоҷик як нав мактаби эҷодист. Бар илова, ба гуфтаи синамошинос, онҳо дар чунин ҷашнвораҳо ҳусну қубҳи асарҳои худро дуруст дарк мекунанд ва фардо талош хоҳанд кард, филмҳое офаранд, ки ҳамвазни филмҳои беҳтарини кишварҳои дигар бошанд.
Ҷашнвораҳои навбатии байнулмилалии синамои Авруосиё минбаъд низ дар Остона пойтахти Қазоқистон доир хоҳад шуд. Ёдовар мешавем, ки қаблан ин ҷашнвора дар шаҳри Алмаато баргузор мегардид.