Бозори "Зарнисор"-ро чаро бастанд?

Масъулони бозори «Зарнисор»-и шаҳри Душанбе мегӯянд, мақомот бидуни ҳеҷ гуна огоҳӣ шаби панҷшанбе ин бозорро бастаанд.

Сарвар Неъматҷонова, яке аз маъмурони ин бозор, мегӯяд, мақомоти шаҳрдорӣ то ҳол сабаби баста шудани бозори мазкурро ба маъмурони ин бозор шарҳ надодаанд. Вай меафзояд, бидуни ҳеҷ далел бастани ин бозор мухолиф ба қонунҳои Тоҷикистон мебошад.

Шаҳрдории Душанбе ба радиои Озодӣ дар ин бора хабар надод, аммо расонаҳои дохилӣ аз номи шахрдорӣ гуфтаанд, ки ин бозорро бо иллати бо қимати баланд фурӯхтани маҳсулот дар моҳи шарифи Рамазон бастааст. Ба ҳамин тартиб дар ҳоле раиси шаҳри Душанбе аз тоҷирон даъват кардааст, ки қиматҳоро дар моҳи Рамазон коҳиш диҳанд, аммо тоҷирони бозор баръакс қимати анвои ғизоӣ, бахуссус қимати гӯшту маҳсулоти кишоварзиро боло бурдаанд.

Ва аммо тоҷирони бозори «Зарнисор» мегӯянд, қиматҳои молҳояшон дар қиёс бо нархҳои бозорҳои дигари пойтахт арзонтар будааст. Умед Раҳимов, як тан тоҷири гӯштфуруши ин бозор, мегӯяд, аслан аз нишондоди шаҳрдорӣ қимати гӯштро боло набурдааст. Вай меафзояд, иддаои шаҳрдорӣ дар хусуси гарон фурӯхтани гӯшт дар ҳолест, ки қимати хӯроки чорво дар бозор баланд аст ва чорводорон маҷбуранд, барои пушонидани хароҷот қимати молашонро баланд кунанд.

Ҷумъахон Талбаков, муҳосиби ин бозор, мегӯяд, як рӯз қабл аз басташавии ин бозор кормандони дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон ҷиҳати тафтиши нархҳо ба бозор омада, бо қаноатмандӣ рафтаанд. Оқои Талбаков афзуд, ин бозор бозори шахсӣ буда, бо пули чанд соҳибкор дар соли 1995 бунёд шудааст.

Масъулони ин бозор мегӯянд, дар сурати боз нашудани ин бозор ҳудуди 500 соҳибкор, ки дар ин бозор фаолият мекунанд, бидуни ҷои кор мемонанд. Майрамби Хайридинова, як соҳибкори ин бозор, мегӯяд, агар бозор боз нашавад, намедонад ба куҷо бираваду аз куҷо нон биёрад.

Сафаралӣ Холов як маъюб, ки дар ин бозор ба мӯзадӯзӣ машғул будааст, мегуяд, басташавии «Зарнисор» вазъи зиндагии ӯро табоҳ мекунад.

Баста шудани ин бозор сокинони маҳаллаҳои атрофи он маҳаллаҳои Зарафшону 102 ва Испечаки пойтахтро, ки аслан аз ин бозор маводи ғизоӣ мехариданд, нигарон кардаааст. Онҳо мегӯянд, ки баста шудан ва ё тахриби ин бозор онҳоро бидуни ҷои харидории анвоъи хурданӣ мегузорад. Бибӣ давлатова, сокини маҳалаи Зарафшон, мегӯяд, баъди баста шудани бозори «Зарнисор» ба худуди 4-5 километр бояд, барои харидории маводи ғизоӣ ба бозорҳои дигар биравад.