Нашри китоби донишманди тоҷик дар Қазоқистон

Маҷмӯаи мақолоти донишманди маъруфи тоҷик Шариф Шукуров бо номи “Маъно, образ ва шакл” нахустин китобест, ки онро чун замима маҷаллаи «Эроннома» ба нашр расонд.

Сафар Абдулло, донишманди тоҷики муқими Қазоқистон ва сардабири маҷаллаи «Эроннома», мегӯяд, муддатест талош дошт, ки китобхонаи маҷалларо ташкил ва тавассути он асарҳои беҳтарини муаллифони маҷалла – донишмандони маъруфро ба забони русӣ ба ҳамагон муаррифӣ намояд.

Сардабири маҷаллаи «Эроннома» изҳор медорад, ки нахуст аз чопи асари Шариф Шукуров, фарзанди донишманди фарзонаи миллати тоҷик Муҳаммадҷон Шакурии бухороӣ, оғоз кардани чопи китобҳои «Эроннома» беҳуда нест. Зеро Шариф Шукуров профессори Донишгоҳи Маскав ва раиси бахши ҳунаршиносӣ дар Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Фарҳангистони улуми Русия муаллифи даҳҳо китоб ва садҳо мақола аст ва асарҳои ин донишманди маъруф ба даҳҳо забони дунё тарҷума ва интишор ёфтааст. Ҳамчунин мақолаҳои ӯ пайваста дар маҷаллаи «Эроннома» чоп мегардад.

Вале, тавре оқои Сафар Абдулло гуфт, дареғо чунин донишманди беназир ва фарзонаи моро, чунон ки мебояд, дар Тоҷикистон нашнохтаанд ва арҷ нагзоштаанд. Аз ин рӯ бо нашри ин китоб ношир аз як сӯ мехоҳад дайне адо бикунад ва аз сӯи дигар эҳтиром ва эътирофи худро нисбат ба ин донишманд ва осори ӯ нишон бидиҳад.

Сафар Абдулло мегӯяд, “мо тасмим гирифтем, ки ҳадди ақал як коре бикунем ва қарзеро ва дайнеро барои худ адо карда бошем ва дар остонаи 60-умин солгардаш ман талош кардам, тавассути дӯстонам ва дӯстони Шариф як маблағе пайдо кунем ва ин корро дӯсти бисёр азизи банда, ки замоне дар давраи докторӣ дар Маскав ҳамроҳи мо мехонд ва ҳамроҳи мо дар Институти шарқшиносӣ кор мекард, вале имрӯз зиндагӣ маҷбур карда ба бизнес машғул шудааст, оғои Шодимуҳаммад Сӯфизода маблағе ҷудо кард барои нашри ин китоб ва мо тавонистем дар як муддати кӯтоҳ мақолотеро аз эшон бо ёрии Рустам Шукуров, донишманди фарзонаи тоҷик ба зудӣ гирди ҳам биёрем ва як маҷмӯаи ҳудуди беш аз 500 сафҳа — китоби бузургеро чоп кардем”.

Вай афзуд, воқеъан, худи Шариф Шукуров ба назари ман як доиратулмаорифи комили фарҳангу тамаддуни Шарқу Ғарб аст ва ҳар хонандае, ки ҳам аз фалсафа ва ҳам аз ҳунар ва ҳам аз адабиёту торих як донишҳоеро дошта бошад метавонад ин китобро дарк кунад.Китоби бисёр муҳим аст ва умедворам, ки мавриди таваҷҷӯҳи алоқамандони илм ва фарҳангу тамаддуни мо бишавад.

Китоби нав аз 3 бахш иборат аст. Бахши аввал, ки бахши назарист, дар бораи ҷаҳон баъд аз Искандари Мақдунӣ, ҳамчунин маъбадҳои адёни илоҳӣ ва проблемаҳои маъруфи мазҳабӣ ва ғайримазҳабӣ ва инъикоси он дар осори бадеӣ баҳс мекунад. Бахши дуюм “Эрон” ном дорад ва дар он мақолаҳои пурарзиш дар бораи ирфони эронӣ ва расму русуми эрониён (тоҷикон), аз ҷумла бузургтарин ҷашни миллии мо - Наврӯз, ҳамчунин дар бораи инсони комил дар адабиёт ва меъморӣ дар Хуросони бузург гирд оварда шудаанд. Бахши сеюми китоб ба замони муосир ихтисос дода шудааст. Дар он хонанда бо осори чандин наққоши муосир ва баъзе андешаҳои муаллиф дар бораи фарҳанг ва нақши он дар ҷаҳони имрӯз ошно мегардад.

Китоби “Маъно, образ ва шакл”-и Шариф Шукуров бо муқоваю коғази хушсифат ва ороиши зебо дар нашриёти “Дайк пресс”- и шаҳри Алмаато ба миқдори 1000 адад нашр гардидааст ва он дар ин рӯзҳо ба дасти хонандагон хоҳад расид. Тавре Сафар Абдулло, сардабир ва буёнгузори маҷаллаи “Эроннома”, гуфт, маҷалла минбаъд аз силсилаи китобхонаи “Эроннома” асари донишманди бузурги Эрон устод Муҳаммадалӣ Исломии Надӯшан бо номи “Эрон ҳарфе барои гуфтан дорад” ва китоби донишманди бузург устод Акбари Турсонро дастраси хонандагони русидон хоҳад кард.