Раисҷумҳурии Укроин дирӯз даъват кард, ки интихоботи нави порлумонӣ дар кишвар баргузор шавад.
Сабаби инро Виктор Юшенко бо аз ҳам пош хӯрдани эътилофи ҳукуматии нахуствазир Юлия Тимошенко ва ҳизби "Украинаи мо" марбут донист.
В. Юшенко муттафиқи интиқилоби норанҷии соли 2004-аш Ю. Тимошенкоро барои ба сафи ҳизбҳои мухолифин пайвастанаш муттаҳам кард. Дар щамин щол, бархе мушовиронаш ҳадс заданд, ки ӯ бо ин амалаш ба манофеъи миллии кишвар хиёнат кардааст.
Изҳороти Виктор Юшенко дар Верховная Рада, порлумони Укроин, айнан дар ҳамон рӯзе садо дод, ки ҳизби Юлия Тимошенко дар ҳамовозӣ бо ҷиноҳи Литвини ҳизби "Минтақаҳо" ва ҳизби Коммунистӣ қонунеро роҷеъ ба кобинаи вазирон ва дигар қонунҳо, ки ба тақвияти ҳукумати иҷроия равона шуда, қудрати президентро коҳиш медиҳад, қабул карданд.
Юшенко ин амали ҳизбҳои сиёсиро ба унвони "кудатои сиёсӣ ва конститутсионӣ" маҳкум карда, гуфтааст, ки қонуни мазкур тавозуни қудратро дар кишвар ба ҳам мезанад: "Қонуни мазкур низоми дикторурии нахуствазирро эҷод мекунад. Ин мақоми раҳбари ҳукуматро аз конститутсия пеш мегузорад. Амрҳои президентӣ ва тасмимҳои Шӯрои амният ва дифоъи миллӣ комилан сарфи назар шуданд. Тағйироти қонун оид ба додгоҳи конститутсионӣ имконияти ба додгоҳ бурдани шикоятҳои марбут ба тасмимҳои ғайриконститутсиониро ғайриимкон мекунад. Дар натиыа ҳукумати кишвар аз ҳама гуна назорат берун монда, тавозуни бунёдии давлат аз байн меравад".
Айнан ҳамин гуна қонун оид ба тавсиъаи қудрати кобинаи вазирон соли 2006 аз ҷониби ҳизби Юлия Тимошенко ва ҳизби "Минтақаҳо" қабул шуда ва дар пайи ветои президент дар январи соли 2007 ҳамакнун дубора қабул шуд.
Солҳои 2006-2007 Тимошенко дар мухолифат ба ҳукумати нахуствазири вақт Виктор Янукович буд, аммо аз қабули қонуни мазкур тарафдорӣ кард, ба умеди ин ки худ ба курсии раҳбари ҳукумат дубора даст хоҳад ёфт. Соли 2005 вай аз ин мақом бо талошҳои Юшенко барканор шуда буд. Вай ниҳоят дар натиҷаи интихоботи пеш аз муҳлате, ки сентябри соли 2007 баргузор шуд, Юлия Тимошенко дубора ба вазифаи нахуствазирӣ интихоб гардид. Ва ҳоло вай ба хотири пешбурди шуҳрати сиёсиаш ташкили боз як интихоботи пеш аз вақтро хостор шудааст. Ҳадафи ниҳоии вай, ба қавли коршиносон, пирӯзӣ дар интихоботи навбатии раёсатҷумҳурӣ аст, ки бояд соли 2010 баргузор шавад. Барои роҳёбии бидуни мушкил ба ин сабқат вай бояд дар мақоми нахуствазирӣ ҳарчи бештар ва устувортар бимонад.
Ҳоло ҳизби Тимошенко иддаъо дорад, ки ташаббуси қабули чунин як қонун ба хотири он карда шудааст, ки аз мудохилаи дафтари котиботи раисҷумҳур ба умури давлатӣ ҷилавгирӣ шавад. Володимир Бондаренко аз ҳизби Тимошенко бар ин ақида аст, ки қонуни мазкур кишварро аз баҳампошидагӣ нигаҳ хоҳад дошт.