Раҳбари НАТО бо Саакашвилӣ мулоқот мекунад

Яап Де Ҳуп Скеффер-Дабири Кулли паймони НАТО ва намояндагони 26 кишвари узви НАТО 15-16-уми сентябр дар Тифлис бо Михоил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳури Гурҷистон дидор ва гуфтугу мекунанд. Ҷеймс Аппатурай-сухангуи НАТО гуфтааст, ин мулоқот қабл аз ҷанги Руссияву Гурҷистон барномарезӣ шуда буд.