Ҳавопаймо бо чархи вайрон фурӯд намуд

Ҳавопаймои ширкати ҳавоии American Airlines, ки бо 136 мусофир озими шаҳри Торонтои Канада буд, ба фурӯдгоҳи Лос Анҷелес баргашт. Назар ба хабарҳои расида дар оғози парвоз камераи чархи ҳавопаймо кафидааст ва сарнишинон ҳавопаймои Боинг 737-ро бидуни мушкилӣ ба фурӯдгоҳи Лос Анҷелес баргардондаанд.