New York Times дар бораи Тоҷикистон

New York Times ибтидо ба навиштаҷоти болои нақби сарбанди нерӯҳои Норак ишора кардааст, ки он ҷо бо ҳарфҳои бузурге сабт шудааст - “Об зиндагист”.

Дар Тоҷикистони дорои теъдоди ночизи корхонаи саноатӣ ва бо фарқ аз дигар кишварҳои минтақа орӣ аз захоири табии энерҷӣ, об аз боигариҳои камшумул маҳсуб мешавад - дар ин кишвар тақрибан 40 дар сади захоири оби Осиёи Марказӣ мавҷуд аст. Маҳз ба ҳамин хотир, навиштааст New York Times, раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рушди иқтисоди Тоҷикисторо ба болоравии бахши тавлиди нерӯи барқ марбут медонад.

Айни ҳол дар кишвар се тарҳ, аз ҷумла, идомаи бунёди нерӯгоҳи Роғун – нерӯҳгоҳи азим дар рудхонаи Вахш рӯи даст гирифта шудааст. Дар маҷмӯъ мақомоти Тоҷикистон хостори бунёди беш аз 20 нерӯгоҳи барқии обӣ ва сарбандҳо шудаанд ва аммо, афзудааст хабарнигори New York Times, дар роҳи татбиқи ин тарҳҳо монеъаҳои зиёд бояд паси сар шаванд. Қабл аз ҳама, Тоҷикистон дар минтақаи заминларза ҷойгир аст ва сарбандҳо бояд тобовар ба ин офати табиӣ бунёд шаванд. Мақомот, тавре интизор меравад, таъсири ин нерӯгоҳҳо ба муҳити зистро таҳқиқ хоҳанд кард то мушаххас шавад, ки онҳо ба олами вуҳушу наботот таҳдиде дорад ё на.

New York Times меафзояд, дар ҳоле, ки ҳукумати Тоҷикистон побанди қарзи бузург аст, бояд барои бунёди сарбандҳо сармояи зиёди хориҷиро ҷалб кунад. Чин эълом дошт, ки барои бунёди нерӯҳгоҳи Нуробод-2 бо тавони тавлиди аз 160 то 220 мегаватт нерӯи барқ 300 миллион доллар ихтисоос хоҳад дод. Ва аммо мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки фақат барои бунёди нерӯгоҳи Роғун то 3 миллиарду 200 миллион доллар зарур аст.

Хабарнигори нашрияи амрикоӣ нигоштааст, нерӯгоҳи Норак, ки бо сарбанди баландтарин дар ҷаҳон 984 фут ё 300 метр замоне ифтихори Иттиҳоди Шӯравӣ буд, айни ҳол беш аз 7 миллион сокинони Тоҷикистонро бо барқ таъмин мекунад. Ин нерӯгоҳ ҳамчунин ба корхонаи алюмиюм мавсум ба Талко, бузургтарин корхонаи саноатии кишвар барқи арзон интиқол медиҳад.

Нашрия афзудааст, ки тибқи тарҳ сарбанди нерӯгоҳи Роғун назар ба сарбанди Норак сад фут ё 30 метр баландтар хоҳад шуд. Вале коршиносон ва дипломатҳои ғарбӣ дар сӯҳбатҳои бидуни ифшои ному насаб, аз сабаби ба истилоҳ нозук будани ин мушкил, ҳадс задаанд, ки гумон аст Тоҷикистон ба бунёди ин сарбанд муваффақ шавад. Онҳо ба хабарнигори New York Times гуфтаанд, кишвар аз ҷанги шаҳрвандии даҳ сол пеш хатмшуда ҳанӯз ба худ наомадааст.

Хазинаи кишвар айни ҳол қариб ки холист ва ҳукумат дар ҳалли мушкилоти зимстони қарибулвуқуъ оҷиз ба назар мерасад. Манзур сардиҳои зимистони оянда аст. Зимистони гузаштаро мардуми Тоҷикистон дар ҳоли сардиҳои бесобиқа ва дар торикӣ сипарӣ карданд. Дар ин вазъи изтирорӣ дипломатҳову кормандони муассисаҳои ғарбии муқими Тоҷикистон ошкор карданд, ки ҳукумат ба ҳалли ин гуна мушкилот қодир нест. Як корманди созмони ғайриҳукуматии амрикоӣ дар сӯҳбати бидуни ифшои ному насаб гуфтааст, ки бӯҳрон аз як сӯ бар асари ҳавои зимистон рух дод ва аз сӯи дигар, бар асари ноӯҳдабароии мақомот.

Ва аммо, менависад хабарнигори New York Times, мақомоти Тоҷикистон умедворанд, ки бо бунёди сарбанди Роғун на фақат ниёзмандиҳои кишвар ба нерӯи барқ бароварда хоҳад шуд, балки барои содир кардани барқ ба кишварҳои ҳамсоя низ имкон фароҳам хоҳад омад.

Ҷон Морган, корманди созмони Юсаиди Амрико мегӯяд, ки содироти барқ фикри хуб аст ва Тоҷикистон метавонад онро ба Афғонистону Покистони шадидан ниёзманд ба барқ ва ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ фурӯшад. Нерӯгоҳи Роғун, ба гуфтаи масъулини бунёди он, ҳамасола тақрибан 13 миллиард киловатт соат барқ тавлид хоҳад кард, ки барои бароварда сохтани беш аз 80 дар сади ниёзмандиҳои кишвар кофист.

New York Times ба мушкили об миёни кишварҳои минтақа низ ишора кардааст. Ихтилофи назар дар мавриди тақсими захоири об, ба навиштаи рӯзнома, Осиёи Марказиро шабеҳи Ховари Миёна кардааст. Кишварҳои поёноб, ба вижа, Узбакистон қатъан мухолифи тарҳҳои бунёди нерӯгоҳҳо дар Тоҷикистонанд ва шореҳони масоили сиёсии ғарбӣ мегӯянд, ки миёни ду кишвар “ҷанги сарди эълоннашуда” идома дорад.

Ба навиштаи рӯзнома, Узбакистон иддао дорад, ки бунёди сарбандҳо боиси нарасидани об ба майдонҳои пахта дар фасли тобистон мегардад. Ва аммо мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки баръакс, сарбандҳо ба тақсими беҳтари об мусоидат мекунанд, яъне об зимистон захира мешавад, то ки тобистон барои обёрии заминҳои кишт истифода гардад. Бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, айни ҳол таъмини Тоҷикистон бо нерӯи барқ аз сӯи Узбакистон идора мешавад ва онҳо метарсанд, ки аз ин фишанг маҳрум хоҳанд шуд.

Як дипломати ғарбӣ дар шаҳри Душанбе ба New York Times гуфт, “чӣ қадаре, ки сарбандҳо бештар бунёд шаванд, ҳамон қадар тоҷикҳо назорати бештари тақсими обро дар ихтиёр хоҳанд дошт ва узбакҳо аз ин ҳарос доранд”.