Идораи андози вилояти Хатлон бо ирсоли як феҳрист бо номгӯи 15 корхона ва ширкати азими ҷануби кишвар аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, дар робита ба кори ин ширкатҳо мораторий ё манъи ҳама гуна санҷишу тафтиш матраҳ карда нашавад.
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми худ ба Маҷлиси олӣ дар моҳи апрел пешниҳод карда буд, ки ҷиҳати рушди соҳибкорӣ дар кишвар барои ду соли оянда ба ҳама гуна санҷишу тафтиши доираҳои тиҷорӣ мораторий эълом карда шавад.
Ва аммо мақомоти андози вилояти Хатлон бар инанд, ки мебояд ширкатҳо ва корхонаҳои тиҷории дар гардиш беш аз 15 миллион сомонӣ дошта ба сурати ҳатмӣ мавриди санҷиш қарор бигиранд. Раҷабалӣ Исматов, масъули бахши назоратии идораи андози Хатлон, дар ин иртибот гуфт, ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод шудааст, ширкатҳое назири «Тоҷиказот», «Тамер ИНБ», ҷамъияти сиҳомии «Исмоили Сомонӣ» ва баъзе корхонаҳои коркарди пахтаи вилоят бо миллионҳо доллар кор мебаранд ва мораторийи пешниҳодкардаи раиси ҷумҳур ба ин корхонаҳо набояд дахл кунад.

Раҷабалӣ Исматов, масъули бахши назоратии идораи андози Хатлон, мегӯяд, ҳарчанд то ҳанӯз аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон қарори мушаххасе оид ба ҷорӣ шудани мораторий ба ҳама гуна санҷишу тафтишҳои соҳибкорӣ ба тасвиб нарасидааст, аммо феълан дар робита ба соҳибкории хурду миёна ин пешниҳоди раисҷумҳур мавриди амал қарор гирифтааст.
Коршиносони иқтисодӣ мегӯянд, дар вилояти Хатлон, воқеан, таъсири бештар манфии ниҳодҳои тафтишгари фаъъолияти соҳибкорони ба вижа хурду миёна эҳсос мешавад. Бар асоси қавонини ҷорӣ, 21 корхонаи давлатӣ ҳаққи тафтиши фаъъолияти соҳибкоронро доранд ва ҳамакнун шикоёти доираҳои тиҷорӣ аз дахолатҳои батакрори расмиву ғайрирасмии ин мақомот бештар шудааст.
Ва аммо иддае аз соҳибкорон иқрор мекунанд, ки ба хотири ба ҳар баҳона баста нашудани дари ширкату корхонаҳояшон тафтишу санҷишҳои лозиму нолозими мақомотро тоқат мекунанд. Валентина Ермакова, раиси фурӯшгоҳи тиҷоратии «Баҳор»: «Мунтазам ба маркази тиҷоратии мо намояндагони гӯиё идораҳои андозу «Тоҷикстандарт» ғайрирасмӣ ворид мешаванд, гоҳе ҳам таҳдид мекунанду иддаъо мекунанд, ки гӯиё дар ҳуҷҷатгузории мо нуқсе вуҷуд дорад. Намедонам ҳадафашон чист, аммо ин тафтишҳои бемаънӣ гоҳе ҳам дар ҳузури муштариён сурат гирифта ва ба тиҷорати мо латмаи қобили мулоҳиза ҳам ворид месозанд…»