«Натоиҷи нишасти сарони СҲШ дар Душанбе”

Абдуннабӣ Сатторзода, Қосими Бекмуҳаммад ва Ҳикматуллоҳи Сайфуллоҳзода ҳангоми суҳбат

Ин аст мавзӯъи мизи гирди маҷаллаи навбатии таҳлиливу сиёсии «Чашмандоз»
Дар суҳбати сари мизи гирди родиюи «Озодӣ» сардори раёсати сиёсати хориҷӣ ва инкишофи равобити иқтисодии берунаи Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикиситон доктори илмҳои филологӣ Абдуннабӣ Сатторзода, мудири маркази таҳлилии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Ҳикматуллоҳи Сайфуллоҳзода, коршиноси масоъили сиёсиву иҷтимоъии минтақа Қосими Бекмуҳаммад, инчунин ҳамкоронамон Зулфиқори Исмоилиён ва Абдулқайюми Қайюмзод ширкат доштанд.
Зулфиқори Исмоилиён
Суолҳои зайл дар ин суҳбат матраҳ гардиданд:
– Оё ин нишаст бо кадом натиҷа ва дастоварде барои ин созмон ба анҷом расид ?
– Чаро кишварҳои узви созмони Шонгҳой мавқеи худро дар баробари эътирофи Русия аз ду минтақаи ҷудоихоҳи Абхозистон ва Осетияи ҷанубӣ рӯшан накарданд?
– Ба кадом хотир барои кишварҳои нозири ин созмон мақоми шарики гуфтугӯро доданд ва ё ихтилофоти дохилии кишварҳои узв дар чаҳорчӯби ин созмон ҳаллу фасл хоҳад шуд?
Аз чап - Абдулқайюми Қайюмзод, муҷрии барнома, ҳангоми суҳбати мизи гирд
– Оё Русия ва Чин омода ҳастанд, ки ба унвони кишварҳои меҳварии ин созмон мубоҳисоти энержии ҷамоҳири Узбакистону Тоҷикистон ва Қирғизистонро ҳаллу фасл кунанд ва ё аз ин мубоҳисот бар суди худ истифода мекунанд?
Барои комилан шунидани ин суҳбати сари мизи мудаввар бояд ба ишораи «Аудио» (дар тарафи рости болоии сафҳа) ишора намуд.