Президенти Беларус, Александр Лукашенко, имрӯз гуфт, Русия илоҷе ба ҷуз аз эътирофи истиқлолияти минтақаҳои ҷудоихоҳи Гурҷистонро надошт. Дар изҳороти худ, Лукашенко аз кишварҳои Паймони амнияти дастаҷамъӣ -- Русия, Арманистон, Беларус, Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон даъват кард, дар ин мавриди як мавзеъи ягона ва мушаххас бигиранд. Дар изҳорот гуфта нашудааст, Беларус истиқлолияти Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазияро ба расмият хоҳад шинохт ё на.