Дирӯз, 25 август, ҳарду палатаи порлумони Русия – Думаи давлатӣ ва Шӯрои федеросюн хоҳиши мақомот ва порлумонҳои Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон барои эътирофи истиқлоли ин ду ҷумҳурии ҷудоихоҳро якдилона пазируфтанд ва аз раисҷумҳур Дмитрий Медведев хостори имзои санад дар ин бора шуданд.
Ангела Меркел, садри аъзами Олмон гуфтааст, ки аз нигоҳи ӯ раисҷумҳури Русия зери дархостҳои порлумон имзо нахоҳад гузошт, зеро ин иқдом ба афзоиши танишҳо дар минтақаи Қафқоз мусоидат хоҳад кард.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Британиё эълом дошт, ки қарори Думаи Русия ба ҳеҷ кас суде нахоҳад овард.
Департаменти давлатии Амрико низ имкони эътирофи мустақилияти Абхозистон ва Осетияи Ҷанубиро аз сӯи Русия мавриди интиқод қарор дод. Сухангӯи ин ниҳод Роберт Вуд гуфт, ҳар иқдоме, ки якпорчагии Гурҷистонро зери шубҳа мебарад, барои Вошингтон ғайри қобили қабул хоҳад буд.
Аз ин пеш, раисҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ тасмими порлумони Русияро ғайриқонунӣ хонда буд.
Кохи Сафед ҳамчун нишони ҳамбастагӣ бо Гурҷистон аз сафари қарибулвуқӯъи муовини раисҷумҳури ИМА Дик Чейнӣ ба Тифлис хабар дод. Қарор аст, Чейнӣ дар ин сафараш ҳамчунин аз Укроин ва Озарбойҷон дидан кунад.
Дар ҳамин ҳол, сухангӯи Кохи Сафед Тони Фрато иброз дошт, ки Маскав созишномаи оташбас бо Гурҷистонро иҷро намекунад ва аз ин рӯ, Амрико ҳама робитаҳояш бо Русияро бознигарӣ хоҳад кард.
Берлин низ аз Русия даъват кардааст, ки бандҳои созишномаро иҷро намояд ва таъкид дошт, ки Ғарб фишангҳои зиёди фишор болои Маскавро дорад.
Иттиҳодияи Аврупо аз таъминоти газ ва маводи сӯхти Русия вобастагии зиёд дорад, бо вуҷуди ин сухангӯи ҳукумати Олмон Томас Штег гуфт, Русия низ ниёзманди ҳамкорӣ бо кишварҳои Ғарб аст. Ӯ афзуд, ки Олмон дар самти истифода аз энержии алтернативӣ пешравии қобили таваҷҷӯҳ кардааст.
Бо вуҷуди ин ҳама, вазири умури хориҷаи Фаронса Бернард Кушнер имкони эъмоли таҳримҳои иқтисодии Аврупо алайҳи Русияро рад намуд.