Марги як тоҷик дар назди "Манас"

Пораҳои ҳавопаймои суқуткарда

Дар паҳлӯи ҳодисаи суқути ҳавопаймои «Боинг 737» дар Бишкек як садамаи нақлиётӣ низ ба вуқӯъ пайваст, ки маҳз ба парвози ҳамин ҳавопаймо алоқаманд аст.

Ронандаи сафорати ҷумҳурии исломии Эрон дар Қазоқистон Файзалӣ Ғозиеви тоҷикистонӣ се нафар донишҷӯро ба майдони ҳавоии Бишкек мерасонад, ки ҳуқуқи таҳсил дар Эронро ба даст оварда буданд. Онҳо Мухтор Мушекенов, Евгения Цой ва Гавҳар Исоева буданд, ки мехостанд, тавассути ҳавопаймо худро ба Теҳрон бирасонанд. Вақти бозгашт аз майдони ҳавоӣ мошини Файзалӣ ба садамаи сахт дучор шуда ва бар асари ҷароҳатҳои вазнин вай ҷони худро аз даст додааст.

Тақдиршоҳ Ашӯров, яке аз дӯстони Файзалӣ дар Алматӣ пиромуни ин ҳодиса ба радиои Озодӣ гуфт, Файзалӣ Ғозиев зодаи ноҳияи Ҷилликӯл буда, беш аз даҳ сол боз дар Қазоқистон машғул ба кору зиндагӣ буд. Вай афзуд, ки Файзалии 31-сола ба як уйғурдухтари маҳаллӣ издивоҷ карда ва соҳиби ду фарзанд низ гардид, вале марги ногаҳонии ӯ ин ду фарзандашро ятим кард.

Дар феҳристи қурбониёни суқути ҳавопаймои «Боинг-737» номи он се шаҳрванди Қазоқистон низ сабт ёфтааст, ки Файзалӣ онҳоро аз Алматӣ ба майдони ҳавоии Манас интиқол дода буд.

Ёдовар мешавем, ҳавопаймои мусофирбари «Боинг-737», ки ба ширкати ҳавонавардаи «Итек-эйр» тааллуқ дошт, шоми рӯзи 24 август, баъди аз замин боло шудан бар асари мушкилоти фаннӣ натавонист дубора ба майдони ҳавоии Манас фуруд ояд ва зимни анҷом додани нишасти иҷборӣ ба замин бархӯрд ва оташ гирифт. Аз 90 сарнишини он фақат 25 нафар ҷон ба саломат бурданд.

Нурлан Сулаймонов, вазири нақлиёт ва коммуникасияи Қирғизистон рузи 25 август дар нишасти хабарӣ гуфт, ки ҳавопаймои «Боинг-737» моли ширкати эронии «Осмон-эйр» буда, ширкати хусусии «Итек-эйр» онро истифода мекард. Ба гуфтаи Нурлан Сулаймонов, дар ҳамин ҳол сабабҳои суқути ҳавопаймои «Боинг-737», ки аз Бишкек ба Теҳрон парвоз карда буд ва баъди 14 дақиқаи парвоз суқут кард, мавриди таҳқиқи мухахассисон қарор дорад.

Дар феҳристи номҳое, ки хадамоти марзбонии Қирғизистон пешниҳод кардааст, 90 нафар сабт ёфтааст. 24 нафари онҳо шаҳрвандони Қирғизистон, 52 нафар шаҳрвандони Эрон, ду нафар шаҳрвандони Канада, як нафарӣ шаҳрвандони Туркия ва Чин ва се нафари боқимонда шаҳрвандони Қазоқистон мебошанд.

Аз 25 сарнишини ин ҳавопаймо, ки зинда мондаанд, дар ҳамин ҳол 18 нафар мавриди муоина ва муолиҷаи пизишкон қарор доранд. Ҳафт нафар ба хонаҳои худ баргаштанд. Қамчибек Ташиев, вазири вазъи изтирории Қирғизистон аз гуфтани теъдоди дақиқи кушташудагони суқути ҳавопаймо худдорӣ кард. Ба гуфтаи Қамчибек Ташиев, онҳо 65 ҷасадро, ки кормандони вазорати вазъи изтирорӣ ба халтаҳои махсус андохта буданд, барои таҳқиқ ба вазорати сиҳати омма интиқол доданд. Вай гуфт, фақат баъди ин таҳқиқ теъдоди дақиқи қурбониёни ин ҳодиса эълон карда хоҳад шуд.