тазоҳурот дар ҳоле сурат гирифт, ки баъди муноқишаи нерӯҳои Гурҷистон ва Русия ин кишвар то кунун ҳузури низомиаш дар қаламрави Гурҷистонро нигаҳ медорад ва нишонаҳое каме аз хуруҷи қувваҳои Русия ба назар мерасанд. Вакилони Русия дар ҳамин ҳол ваъда кардаанд, ки аз он дифоъ хоҳанд кард.
Раиси порлумони Абхозистон Нугзар Ашуба зимни тазоҳурот дар шаҳри Сухумӣ бо садои баланд эълом кард, ки мардуми ин минтақа ҳеҷ гоҳ ба қавле “зери як бом” бо Гурҷистон зиндагӣ нахоҳанд кард.
Талоши мақомоти ҷумҳуриҳои ҷудоихоҳи Гурҷистон зоҳиран таъкид бар ҷудоии ниҳоӣ аз ин кишвар аст, на пайвастан ба Русия, ки орзуи асосии онҳо маҳсуб мешавад.
Шӯрои Федератсия - палатаи болоии порлумони Русия рӯзи душанбеи оянда бо ташкили ҷаласаи изтирорӣ тақозои Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистонро баррасӣ мекунад, ки аз он кишвар хостаанд, истиқлолияти ҳардуро ба расмият бишиносад. Раиси шӯро Сергей Миронов ишора кардааст, ки Русия омода аст, ба ин даъват посухи мусбат диҳад. Сергей Багапш, раисҷумҳури Абхозистон зимни тазоҳурот дар Сухумӣ ибрози умедворӣ кард, ки аз Русия посухи дилхоҳашро мешунавад.
Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ, ки баъди хунрезиҳои кӯтоҳи солҳои 90-ум бо ҳукумати марказии Гурҷистон худро мустақил эълом карданд, аз тарафи ягон кишвар ба расмият шинохта нашудаанд ва бахше аз қаламрави Гурҷистон маҳсуб мешаванд. Вале Русия бо ишора ба таҷрибаи вилояти собиқи Сербистон, Косово мегӯяд, заминаҳои қонунӣ барои эъломи истиқлолияти Абхозистону Гурҷистон вуҷуд дорад.
Дар ҷараёни низоъи Гурҷистону Русия кишварҳои ғарбӣ устуворона аз тамомияти арзии Гурҷистогн ҳимоят кардааст ва аз ин рӯ эътирофи Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ ба ҳайси кишвари мустақил метавонад ҷанҷоли сахтеро миёни Русия ва кишварҳои Ғарбӣ барангезад.
Гузашта аз ин, эътирофи Русия, метавонад сабаби нокомии раисҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ шавад, ки бо ваъдаи тобеъи ҳукумати марказӣ кардани ҷудоихоҳон сари қудрат омадааст.
Таъкид бар истиқлолхоҳии минтақаҳои ҷудоихоҳи Гурҷистон дар ҳолест, ки ҳанӯз ҳам нерӯҳои Русия дар хоки Гурҷистон ва берун аз Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон ҳузур доранд. Ҳарчанд давлати Русия гуфтааст, ки то рӯзи ҷумъа сарбозонашро аз он манотиқ берун мекашад, аммо нишонаҳои зиёде аз иҷрои ин кор ба чашм намерасанд. Бино ба гузоришҳо, сарбозону танкҳои Русия то кунун дар минтақаҳои муҳими стратегии Гурҷистон аз ҷумла наздикиҳои шаҳри бандарии Потӣ ва шаҳри Игоетӣ воқеъ дар 50 километрии шаҳри Тблисӣ ҳастанд. Ҳарчанд Русия гуфтааст, нерӯҳояшро ба минтақаҳои буферии атрофи Осетияи Ҷанубӣ мекашад, аммо сафири Амрико дар НАТО Курт Волкер ба Радиои Озодӣ гуфт, бо рафтани гурӯҳи нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба минтақаи низоъ Русия бояд ҳарчӣ зудтар нерӯҳояшро аз қаламравҳои хориҷ аз Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон хориҷ кунад.
Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ҳоло дар Гурҷистон 29 нозир дорад ва қарор аст, дар маҷмӯъ 100 нозири худро ба он кишвар фиристад.