Юсуф Абдусаломов дар Пекин нишони нуқра гирифт

Варзишкори тоҷик Юсуф Абдусаломов, ки ба нишони тилои Бозиҳои олимпии Пекин хеле наздик омада буд, дар сабқати ниҳоӣ аз гуштигири гурҷӣ, Ревази Миндорашвилӣ шикаст хӯрд ва барандаи нишони нуқра дар гуштии сабки озод миёни варзишгарон дар вазни 84 килограм гардид.