Полиси Испониё ҳалокати зиёда аз 100 нафарро дар садамаи ҳавопаймо дар фурудгоҳи Мадрид тасдиқ кард ва мегӯяд, 26 нафар зинда мондааст.
Мақомоти давлати Испониё шумори кушташудагонро дар садамаи як ҳавопаймо дар фурудгоҳи Мадрид, пойтахти Испониё, 153 нафар меноманд. Онҳо мегӯянд, 19 захмӣ ба бемористон интиқол дода шудаанд, ки вазъи бархе аз онҳо сангин аст.
166 мусофир ва 6 халабон савори ин ҳавопаймо будаанд, ки ба ширкати “СпанЭйр” тааллуқ дошта, ба шаҳри Ла Палма дар ҷазираҳои Канар парвоз мекард.
Мақомоти давлати Испониё мегӯянд, дастгоҳи забти амал ё ба истилоҳ, "ҷаъбаи сиёҳ"-и ҳавопаймо ёфт шудааст ва метавонад, сабабҳои фалокатро муайян кунад. Шоҳидони воқеъа гуфтаанд, бо сабаби оташ гирифтани яке аз муҳарриконаш ҳавопаймо аз хатти парвоз дар майдони ҳавоӣ мунҳариф гашта, ба вартаи мутавозӣ бо майдони парвоз фуру афтод. Баробари афтодан ҳавопаймо оташ гирифтааст.