Ҳукми зиндони мансабдори собиқи Вазорати беҳдошти Тоҷикистон

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе раҳбари пешини раёсати сохтмони вазорати ҳифзи сиҳҳати Тоҷикистон Пирӣ Шамсиддиновро бо ҷурми сирқати пулу моли давлат ба 9 соли зиндон маҳкум кардааст. Сармуҳосиби ин идора Саидмурод Ёқубов бо ҳамин ҷурм 9,5 сол ҳукми зиндон зиндон гирифтааст.

Дар маҷмӯъ дар чаҳорчӯби ин парванда 7 нафар ба мӯҳлатҳои гуногун равонаи зиндон шудаанд.

Ҷамъи хисороти ба хазинаи давлат воридкардаи ин гурӯҳ беш аз 1 миллион сомонӣ, муодили тақрибан 300 ҳазор доллари амрикоӣ баровард шудааст. Ин 7 нафарро маъмурони ожонси мубориза бо фасод боздошт карда буданд.