Фелпс дар Пекин рекорди нав гузошт

Шиновари амрикоӣ Майкл Фелпс дар Бозиҳои Олимпии Пекин ҳаштумин медали тилоро ба даст овард. Фелпс дар таърих нахустин варзишкорест, ки дар як Олимпиада 8 медали тило ба даст меорад. Майкл Фелпс ба ин тартиб, рекорди шиновари дигари амрикоӣ Марк Спитсро, ки соли 1972 дар Бозиҳои Олимпӣ дар Мюнихи Олмон ба 7 медали тило даст ёфта буд, замин мекунад. Ҷамъи медалҳои тилои дар 2 Олимпиадаи ахир бадастовардаи ин шиновари 23-солаи амрикоӣ, ба ин тартиб, ба 14 расид.