«Ernst & Young» БМТ-ро бозрасӣ мекунад

Бонки миллии Тоҷикистон

Ширкати бритониёии «Ernst & Young» Бонки миллии Тоҷикистонро бозрасӣ хоҳад кард.

Абдуғаффор Қурбонов, сухангӯи Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, дар озмуне, ки ба хотири интихоби ширкати аудиторӣ барои тафтиши молии ин бонк ки ду моҳ давом дошт, ширкати бритониёии «Ernst&Young LLP» ғолиб дониста шудааст.

Оқои Қурбонов меафзояд, ҳамакнун ин ширкат аудити бонки миллиро тайи се моҳ анҷом хоҳад дод. Вай гуфт, «10-уми август дар Бонки миллии Тоҷикистон натоиҷи ду моҳ қабл эъломнамудаи озмун оид ба интихоби ширкати аудитӣ, ки аудити махсуси ин бонкро мегузаронад, маълум шуд. Аудити мазкур аз моҳи август то моҳи ноябри соли ҷорӣ идома мекунад».

Ба иттилоъи Бонки миллии Тоҷикистон, ширкати«Ernst&Young LLP» алакай бо супориши техникии аудити махсуси нишондодҳои пулӣ (монетарӣ), инчунин амалиётҳои алоҳида ва муоҳидаҳои бонк, ки мувофиқи тавофуқи байни ҳукумати Тоҷикистон, БМТ ва Сандуқи байнулмилалии пул таҳия шудааст, шинос гардидааст.

Тафтиши молиявии Бонки миллии Тоҷикистон бо дархости Сандуқи байналмилалии пул сурат мегирад, ки пас аз ифшо шудани мавориди ироаи маълумоти бардурӯғ барои дарёфти кӯмак аз сӯи ин бонк ба Сандуқи байнулмилалии пул сурат мегирад.

Зимнан, Сандуқи байнулмилалии пул мақомоти Тоҷикистонро дар ироъаи иттилоъоти ғайривоқеъӣ ва бар асоси он дарёфт намудани беш аз 47 миллион доллари амрикоӣ муттаҳам карда, аз Бонки миллии Тоҷикистон хост, ин маблағро баргардонад. Ин созмони байнулмилалӣ таъкид кард, аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо кард, ки фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон пуриштибоҳ менамояд ва фаъолияти он мавриди удити байнулмилалӣ қарор гирад.

Ширкати аудитии «Ernst & Young LLP» қаблан ҳам бо ироъаи хадамоти худ ба ширкатҳои бузурги Тоҷикистон машҳур аст. Маҳз ин ширкат соли гузашта ноқисиҳо дар фаъолияи Ширкати давлатии алюминиуми Тоҷикистон, мавсум ба «ТалКо»-ро ошкор кардааст. Феълан бар асоси хулосаи ин ширкат баҳси ширкатҳои «Ансол» ва «Талко» дар додгоҳи олии Лондон идома дорад.

Ҳамчунин ширкати «Ernst & Young LLP» барои беҳтарсозии фаъолияти ширкати ҳавопаймоии «Тоҷикайр» ҷиҳати омодасозии ин ширкат ба истифодаи ҳавопаймоҳои тавлиди ҳозиразамон тавсияҳо додааст. Баъди ин пешниҳодот ширкати «Тоҷикайр» се ҳавопаймоии «Боинг»-ро харидорӣ кардааст.

Коршиносон ба делели он, ки ширкати аудитории «Ernst & Young LLP» ширкати бузурге дар арсаи байнулмилалӣ ба ҳисоб меравад, мегӯянд, ки он аудити Бонки милии Тоҷикистонро мунсифона анҷом хоҳад дод ва агар ноқисиҳо дар фаъолияти Бонки милии Тоҷикистон бошад, онро ошкор хоҳад кард

«Ernst & Young LLP», яке аз чаҳор гурӯҳи бузургтарини аудитӣ-консалтингӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад, ки кори худро дар қаламрави кишварҳои узви ИДМ соли 1989 оғоз кардааст. «Ernst & Young LLP» феълан аудитори аз 7 ширкати бузурги Иттиҳоди давлатҳои мустақилро, ки дар биржаи фондии Амрико ба қайд гирифта шудаанд, ба шумор меравад.