Пентагон тамринҳои муштарак бо Русияро лағв кард

Иёлоти Муттаҳида тамринҳои муштарак бо нерӯҳои ҳарбӣ-баҳрии Русияро лағв кард. Як мақоми вазорати дифоъи Амрико ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, ки ин тамринҳо бояд аз 15 то 23 август дар баҳри Ҷопон идома мекарданд. Ӯ бо ишора ба низоъ дар Гурҷистон афзудааст, “дар вазъи феълӣ дар бораи тамринҳои муштарак ҳарф задан ғайримумкин аст”.

Дар тамринҳои муштарак бояд киштиҳои Бритониё ва Фаронса ҳам ширкат мекарданд.