Ҳанӯз ҳам мавзӯи ҷанг дар Осетияи Ҷанубӣ доғтарин мавзӯъи имрӯз ва сархатти матолиби нашрияҳои хориҷист.
Рӯзномаи «Вашингтон пост» хабар додааст, ки ҳамла ба Гурҷистон ҳанӯз ҳам идома дорад. Ба қавли рӯзнома, ҳарчанд дирӯз Президенти Русия Д. Медведев эълом дошт, ки Русия амалиёти низомиро қатъ ва ба минтақаи то шурӯъи ҷанг мустақаргаштаи нерӯҳояш бармегардад, аммо ҳамзамон ҳамла ба Гурҷистон идома дорад. Низомиёни рус, менависад нашрия, ҳатто қаламрави Гурҷистонро бомбборон карда истодаанд. Рӯзнома муътақид аст, ки ин аст амалкарди режими Русия дар тамоми буҳрони Осетияи ҷанубӣ. Суханаш аз амал фарқ мекунад, навиштааст «Вашингтон пост», ва афзудааст, амали русҳо хориҷ аз меъёрҳои байнулмилалист.
«Ла република»-и итолиёвӣ навиштааст, ба ақидаи Михаил Саакашвилӣ, Русия талоши сарнагун кардани ҳукумати Гурҷистонро дорад. Рӯзнома аз қавли раиси ҷумҳури Гурҷистон менависад, пас аз ҳамла ба шаҳри Горӣ русҳо эҳтимол Тифлисро ҳадаф қарор додаанд ва афзудааст, русҳо моро дар шурӯъи ҷанг муттаҳам мекунанд, вале дар 12 соат 500 тонк ва 25 ҳазор сарбозро чи гуна ба ҷанг омода карданд? Ба қавли рӯзнома, раисҷумҳури Гурҷистон ин амали русҳоро ҳамлаи аз қабл тарҳрезишуда бо ҳадафи сарнагун кардани ҳукумати Гурҷистон унвон кардааст. Зеро, хулоса кардааст рӯзнома, русҳо дар марзи худ мавҷудияти ҳукумати демократӣ ва мустақилро намехоҳанд таҳаммул кунанд.
«Уолл стрит ҷорнал» дар робита ба буҳрони Осетияи Ҷанубӣ менависад, ҳар қадар тонкҳои Русия ба Гурҷистон амиқтар ворид мешаванд, ҷомиъаи ҷаҳонӣ ҳақиқати шабеҳи Наполеон худхоҳонаи Владимир Путинро ҳамон қадар бештар дарк мекунад. Ба навиштаи рӯзнома, Путин бо дарёфти мақоми сарвазирӣ аз тариқи авторитарӣ дар замони президенти лухтакмонанд мехоҳад ҳукмронии Русия дар қаламрави Авросиёро аз нав эҳё кунад. Рӯзнома менависад, ки буҳрон дар Осетияи Ҷанубӣ ин амали бепардаи режими Путин ва нахустин амалиёти низомии русҳо хориҷ аз марзи Русия пас аз суқути давлати шӯравӣ аст. «Уолл стриит ҷорнал» менависад, ки ҳамлаи русҳо ба Гурҷистон шаллоқе ба рӯи NАТО аст ва дар посух бояд ин созмони низомӣ ба Русия ҷавоби сазовор диҳад.
Рӯзномаи бритониёвии «Таймс» бар ин аст, ки, сарфи назар аз даъвати Гурҷистон, Вошингтон дар қазияи Осетияи ҷанубӣ мавқеъи дугона дорад. Ба навиштаи рӯзнома, ҳарчанд Михаил Саакашвилӣ солҳост, ки кӯшиши таҳкими ҳамкорӣ бо абарқудрати онсӯи уқёнусро дорад, аммо ҳама кумаки аз Амрико дарёфткардаи Гурҷистон чанд изҳорот ба унвони Русия асту халос. «Маълум нест, афзудааст рӯзнома, ки ИМА ба ҷуз аз сухан чи чизеро боз истифода хоҳад кард».
Рӯзномаи фаронсавии «ле Монд» аз буҳрони Осетияи Ҷанубӣ хулоса кардааст, ки барои бори аввал пас аз ҷанги ИҶШС дар Афғонистон Маскав расман бомбборон кардани кишвари соҳибистиқлолеро оғоз кард. «Амалиёти низомии Русия, менависад рӯзнома, давраи нави таърихи пас аз шӯравиро боз мекунад». Рӯзнома меафзояд: «Акнун фурсат барои Русия ҷиҳати рӯ овардан ба усули радикалӣ фароҳам омадааст, ки ба назар мерасад ҳадафи аслиаш қотеъона садд гузоштан ба густариши NАТО дар шарқ ва шустани беобрӯии низомии солҳои 90-уми Русия мебошад. «Ле монде» ин вазифаҳоро аҳдофи системаи бунёдкардаи Путин унвон кардааст.
«Франкфуртер рундшау»-и олмонӣ аз ҷанги таблиғӣ дар буҳрони Осетияи ҷанубӣ хабар додааст. Ба бовари рӯзнома, тамошобинони шабакаҳои телевизиони Русия, ки аз сӯи Кремл идора мешаванд, дар робита ба ин ҷанг маълумоти хеле кам, вале таблиғоти бузург дарёфт мекунанд. «Шабакаи телевизионии «Русия», навиштааст рӯзнома, навори гиряи атфол ва занҳои Осетияи ҷанубӣ ва қурбониҳоеро ба такрор намоиш медиҳад ва он ҳамаро сабаби ҳамлаи гурҷиҳо унвон мекунад.
Ҳамчунин, ба эътиқоди рӯзнома, дар мавриди шумораи қурбониён аксаран маълумоти нодуруст пахш мекунанд. Гурҷиҳо низ, менависад рӯзнома, ба таҳрифи далелҳо, шурӯъ аз иддаои раиси ҷумҳур Саакашвилӣ, ки гӯё Гурҷистон ҳадафи ҳамлаи Русия қарор гирифтааст, шурӯъ кардаанд.